Нашрияи Омӯзгор

Истиқлолият ва марҳалаҳои рушди маориф

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Мусоҳиба бо сардори Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, номзади илмҳои филологӣ Эҳсон Сафарзода оид ба рушди соҳаҳои маориф ва илми кишвар

- Муҳтарам Эҳсон Сафарзода, маълум аст, ки асоси пешрафти ҳар гуна соҳа ба маблағгузории он иртиботи қавӣ дорад ва замони соҳибистиқлолӣ тадриҷан ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Маблағгузории соҳаро  чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Воқеан хам, дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузорӣ ба соҳаи маориф бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар мунтазам  афзоиш меёбад. Агар дар соли 2013 ба соҳаи маориф 2 миллиарду 130 миллиону 836 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 5 миллиарду 4,6 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба соли 2013 2 миллиарду 873 миллиону 817 ҳазор (ё 1,3 маротиба) зиёд мебошад. Яъне, нишондиҳандаи маблағгузории соҳаи маориф дар соли 2020 нисбат ба ММД 5,7 фоиз ва нисбат ба хароҷоти буҷети давлатӣ 19 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ислоҳот ба миён омад ва  маблағгузории сарикасӣ (меъёрӣ) ҷорӣ гардид, ки самарабахш аст. Ин омил имкон фароҳам овард, ки мактабҳо соҳиби мустақилияти молиявии бештар гарданд ва ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонид. Инчунин, ҳамасола маоши омӯзгорону кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешавад ва аз сентябри соли равон маоши кормандони буҷетӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд.

– Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия бештар фаро гирифтани кӯдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ мебошад.  Вобаста ба рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии кишвар дар ҳафт соли охир чӣ тадбирҳои судманд ба роҳ монда шудааст?

– Дар 7 соли охир кӯшишҳо ба дигаргунсозии мазмуну моҳияти таълим, ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот ва шаклгирии мактаби миллӣ зиёд гардида, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд. Ин санадҳо фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумиро танзим намуда, дар ҳамоҳангсозии муносибатҳои субъектҳои раванди таълим, фароҳам овардани шароити мусоиди донишандӯзии хонандагон, истифодаи усулҳои ҳамкорӣ дар таълим ва технологияи инноватсионӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва дар маҷмӯъ, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат намуданд. Аз ҷумла, дар зинаи таҳсилоти томактабӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти томактабӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ, Низомномаи намунавии муассисаҳои томактабӣ таҳия ва қабул карда шуданд. Инчунин, дастурҳои таълимию методӣ таҳия гардида, фазои холии муассисаҳои томактабиро пур намуданд.

Имрӯз шумораи кӯдакистонҳо дар ҷумҳурӣ аз 527 адади соли 2013 ба 662 адад расидааст, ки 135 кӯдакистон зиёд мебошад. Шумораи кӯдакон дар онҳо аз 80442 нафари соли 2013 ба 102175 нафар расид, ки 21733 кӯдак зиёд аст.  Дар ин миён, бо мақсади бештар фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ шакли алтернативӣ - марказҳои инкишофи кӯдак таъсис ёфт ва шумораи ин марказҳо агар дар соли 2013 1031 ададро ташкил медод, теъдоди он ҳоло ба 1771 расидааст. Фарогирии кӯдакон ба марказҳо дар соли 2013 25616 нафарро ташкил дода бошад, ин нишондод акнун ба 49721 нафар расид, ки 740 марказ ва 20105 кӯдак зиёд мебошад.

Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014) қабул гардид, ки самтҳои асосии рушд ва тадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ муайян менамояд. Агар дар ҷумҳурӣ соли 2015 48 кӯдакистони хусусӣ бо фарогирии 3548 нафар кӯдак фаъолият менамуд, имрӯз теъдоди муассисаҳои томактабии хусусӣ ва марказҳои хусусии инкишофи кӯдак 168 ададро ташкил дода, дар онҳо 9234 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Агар дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ 3836 муассиса бо фарогирии 1 713 742 хонанда фаъолият мекард, пас, имрӯз дар кишвар 3893 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2035 158 хонанда фаъолият мекунад, ки дар он 124 593 омӯзгор, аз ҷумла, 74046 нафар зан ба таълиму тарбия машғуланд. 

Дар зинаи таҳсилоти умумӣ, дар ин давра ҷиҳати мустаҳкам гардонидани базаи моддиву техникӣ ва таъмин намудан бо технологияи муосир “Барномаи давлатии татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки тибқи барномаи мазкур омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ аз синфи 5 пешбинӣ шудааст.

 “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” низ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки ба фарқ аз барномаи пешина дар баробари кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, инчунин, таъмини кабинетҳои суруд ва мусиқии муассисаҳои таълимӣ бо асбобҳои мусиқиро низ дар бар мегирад.  Инчунин, бо дастури Пешвои миллат “Бистсолаи омӯзиши рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм” (солҳои 2020-2040) қабул гардид, ки ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, фароҳам овардани шароит барои тадрис бо усулҳои муосир, тарбияи эстетикии хонандагон ва баланд гардидани сифати таҳсилот мусоидат менамояд.

Баҳри таҳким бахшидани мундариҷаи таҳсилот, шурӯъ аз соли  2016 гузариш ба муносибати нави таълимӣ – муносибати босалоҳият ба таълим оғоз гардида, маводи зарурӣ (стандарт, барнома, замима ба китобҳои дарсӣ ва роҳнамои омӯзгор) омода карда шуда, омӯзгорони ҳамаи фанҳои таълимӣ аз курсҳои омӯзиши муносибати босалоҳият ба таълим гузаронида шуданд.

Агар дар ҷумҳурӣ то соли 2009 як муассисаи таълимии Президентӣ фаъолият менамуд, дар соли 2020 он ба 9 адад расид. Бунёд ва ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ба хонандагон ҷиҳати аз худ намудани илмҳои пешрафта ва технологияи навин мусоидат намуда, аз таваҷҷуҳи хосаи Президенти кишвар дарак медиҳад.

- Барои дарёфти хонандагони соҳибистеъдод тадбирҳои муассир андешида мешавад. Ҳаракати олимпӣ дар кишвар рушд кардаву дастовардҳои хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ назаррас аст. Мегуфтед, ки дар ин замина чӣ корҳо анҷом дода шудааст?

– Воқеан ҳам, қабули “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” дар ин ҷода такони ҷиддӣ бахшид. Бо таъсис ёфтани марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ фароҳам омада, марказҳои мазкур барои дарёфти хонандагони лаёқатманд ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, алалхусус, дар мактабҳои Президентӣ, гимназия ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 72 маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 650 маҳфили фаннӣ ташкил шуда, дар онҳо 9610 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ин муддат таваҷҷуҳ ба рушди ҳаракати олимпӣ низ зиёд гардид.

Агар то соли 2012 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ як  олимпиадаи фаннӣ - олимпиадаи фанни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо иштироки 943 нафар хонанда доир гардида бошад, пас, имрӯз дар ҷумҳурӣ 21 озмун ва олимпиада ташкил карда шудааст. Ҳадаф аз ин тадбирҳо ҷалби хонандагони болаёқат, ихтироъкор ва боистеъдод ҷиҳати аз худ кардани дастовардҳои навтарини илмию техникӣ, ба таври фарогир омӯхтани фанҳои алоҳида, пурра ошноӣ пайдо кардан ба технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, ихтироъкорӣ, инчунин, омодагӣ ба озмун ва олимпиадаҳои байналмилалӣ ва вусъат бахшидан ба ҳаракати олимпӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Шоистаи таъкид аст, ки хонандагони тоҷик дар озмуну олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ солҳои 2013-2020 соҳиби 1216 ҷойи ифтихорӣ (248 ҷойи якум, 366 ҷойи дуюм ва 602 ҷойи сеюм) гардиданд.

– Дар тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низ тадриҷан ба низоми ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ гардонида мешавад ва дар замони соҳбистиқлолӣ ин намуди муассисаҳо  ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат ба дастовардҳои назаррас ноил гадиданд. Дар ин масъала чӣ андеша доред?

– Дар марҳилаи пешрафти ҷомеаи башарӣ ва талабот ба кадрҳои баландихтисос диққати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои маорифпарвару хирадманди он ба соҳаи касбӣ равона карда шуда, барои рушди он шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 

Дастоварди наҷибе, ки дар самти таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ин давра рӯйи даст омад, ин ба тасвиб расидани сохтор ва мақоми муассисаҳои таълимӣ «Дар бораи иваз намудани номи техникум ва омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳо» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 02.11.2012, №630) мебошад.

Бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таъсис додани муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ ва соҳибмаълумот намудани ҷавононе, ки рағбат ба гирифтани маълумоти касбӣ доранд, дар солҳои охир натиҷаҳои дилхоҳ рӯйи кор омад. Маҳз ҳамин омил боис шуд, ки дар солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимии касбии ғайридавлатӣ ба 19 адад расида, теъдоди зиёди ҷавононро ба таҳсил фаро гирифтанд ва имрӯз ин муассисаҳо аз рӯйи 5 самт - тиббӣ, омӯзгорӣ, техникӣ, технологӣ ва фарҳанг мутахассисонро тайёр менамоянд.   Дар ҷумҳурӣ 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба соли 2013  26 адад зиёд аст ва аз рӯи 166 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.  Теъдоди умумии донишҷӯёни муассисаҳои номбурда  87736 нафарро ташкил медиҳад.

Гузариш ба низоми кредитии таҳсилот тақозои замон ва талаботи соҳаи таълиму тарбияи ҷаҳони имрӯза аст. Аз оғози соли таҳсили 2013-2014 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таври заминавӣ (пилотӣ) гузаштани як ё ду ихтисосро ба низоми кредитии таҳсил таъмин намуданд. Алҳол, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ин низоми таҳсил пурра гузаронида шуданд.

Дар ин давра соҳаи таҳсилоти олии касбӣ рушди тозаи худро ёфт. Дар соли таҳсили 2012-2013 дар ҷумҳурӣ 38  муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият менамуд, ки дар онҳо 151003 нафар донишҷӯ аз рӯи 286 ихтисос таҳсил менамуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 40 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии зиёда аз 210 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд.

Тайи ин солҳо таҳия ва  мавриди қабул қарор ёфтани ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ва гузариши пурраи шакли таҳсили ғоибона ба ин низом корҳои назаррас низ ба сомон расонида шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои зиёде, аз қабили таҷдиди назар кардани мазмуну мундариҷаи таълим, муайян намудани самтҳои афзалиятноки илмӣ, созмони технопаркҳо, таъсиси корхонаҳои хурди илмиву истеҳсолӣ, такмили ихтисоси кормандон ва устодон, ривоҷу равнақ додани робитаҳои байналмилалӣ дар асоси табодули донишҷӯён, кормандони илмӣ ва омӯзгорон ва ғайра ба анҷом расонида шудааст.

Аз аккредитатсияи байнал-милалӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ талаби замон буда, мутобиқ намудани нуфузи муассисаи таълимӣ ва мавқеъ пайдо намудан дар феҳристи муассисаҳои таълимии сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда мебошад. Дар ин раванд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимӣ имкон пайдо намуданд, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаранд ва соҳиби сертификат ва шаҳодатнома гарданд.

Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти соҳа ин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ тибқи бурсия ба хориҷи кишвар ба таҳсил фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва кишварҳои хориҷӣ дар асоси беш аз 120 созишномаи ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи маориф, илм ва техника ва 83 созишномаи ҳамкории байниидоравӣ ба роҳ монда шуда, айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии 40 кишвари хориҷӣ 30448 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои барои иқтисодиёти  миллии кишвар зарур ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон, аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» беш аз 230 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи кишвар аз рӯи ихтисосҳои ба иқтисодиёти мамлакат зарур фиристода шудааст. Ҳоло шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои пешрафтаи олам тибқи бурсия ва стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –  «Дурахшандагон» таҳсили илм менамоянд.

– Илм калиди комёбии ҳар давлату миллат маҳсуб меёбад. Дар замони соҳибистиқлолӣ илми тоҷик низ батадриҷ пеш меравад. Дастовардҳои илмии кишварро чӣ тавр баҳогузорӣ мекунед?

– Имрӯзҳо сиёсати давлатӣ ба рушди илму технология, фаъолияти инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварамон нигаронида шудааст. Фаъолияти илмию инноватсионӣ тибқи талаботи ҷаҳони муосир ба роҳ монда шуда, як қатор комёбиҳои назаррас рӯйи даст омаданд.

Дар солҳои охир ба тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2019-2020 дар ҷумҳурӣ 18 шӯрои диссертатсионӣ, ки дар Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, амал мекунад ва дар онҳо наздики 180 нафар рисоли илмии худро дифоъ кардаанд, ки аз ин 20 рисолаи докторӣ ва 159 ададаш рисолаи номзадӣ мебошад.

Айни замон дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ 58 Шӯрои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, аз рӯи 160 ихтисос фаъолият менамоянд. Дар шӯроҳои мазкур то имрӯз наздики 300 нафар рисолаҳои илмии худро дифоъ намудаанд. Аз шумораи мазкур 22 нафар рисолаи докторӣ, 2 нафар докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) ва дигарон рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

– Ҳамасола  сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ вусъат меёбад ва Пешвои миллат дар ҳар сафари кории хеш ба шаҳру навоҳии мамлакат чанд муассиссаи таълимиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд...

– Табиист, ки бо дарназардошти торафт беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва суръати афзоиши аҳолии кишвар, пайваста зарурати азнавсозии мактабҳои мавҷуда ва сохтмони муассисаҳои таълимии нав, хусусан, дар деҳаву шаҳракҳои навбунёд ба миён меояд. Агар дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 2500 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуда бошад, пас, аз ин теъдод 1444 иншооти соҳаи маориф аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар солҳои 2013-2020 сохта ба истифода дода шудааст, ки барои 279622 ҷойи нишаст мебошад.  Аз ҷумла, дар ин муддат (солҳои 2013-2020) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 630 иншоот барои 147531 ҷойи нишаст, аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 166 иншоот барои 38425 ҷойи нишаст, аз ҳисоби соҳибкорон ва бо тариқи ҳашар 648 иншоот барои 93666 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудааст.

Мусоҳиб

 Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш