Ҳамчун забони адабӣ ташаккул ёфтани забони тоҷикиро маҳаққиқон ба асрҳои IX-X нисбат додаанд. Минбаъд ин забони тавоно барои рушду нумӯи илму маданияти халқи тоҷик ва ба оламиён намоиш додани фарҳангу санъати нотакрори миллат нақши барҷаста бозидааст.
Бахусус, асарҳои офаридаи устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш ва дар замони Шӯравӣ асарҳои Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода на танҳо хазинаи тиллоии халқи тоҷикро бой гардониданд, балки яке аз халқҳои қадимӣ ва миллати бофарҳанги ҷаҳон будани мо – тоҷиконро собит намудаанд.
Сарфи назар аз ин ҳама, забони тоҷикӣ ҳамеша роҳи ҳамвору бехавфу хатарро тай накардааст. Ин забон, бахусус, дар тӯли асрҳои VII-VIII дар вартаи азбайнравӣ қарор дошт. Чунончи, арабҳои бодиянишин сарзамини Осиёи Миёнаро, ки дар асл, мардумонаш бо забони тоҷикӣ ба ҳам муносибат мекарданд, забт намуда, зӯран мехостанд дар ин сарзамин забони арабиро ҷорӣ намоянд. Ин вазъият зиёда аз 100 сол идома ёфтааст. Вале азбаски забони тоҷикӣ дорои фонд ва таркиби луғавии басо ғанӣ буд, на танҳо барҳам нахӯрд, балки боз ҳам такмил ёфт.
Дар солҳои аввали барқароршавии Ҳукумати Шӯравӣ низ як гурӯҳ ашхоси нотавонбин (панэронистону пантуркистон) мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун халқи дорои забону фарҳангу маданияти қадими Мовароуннаҳр ва Осиёи Миёна инкор намуда, онҳоро ҳамчун қавмҳои хурди забони эронӣ (пан - эронистон) ва ё халқиятҳои хурди забони туркӣ (пантуркистон) мансуб медонистанд. Ин нуктаро устод С.Айнӣ соли 1926 бо таълифи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ботил баровард. Дар ин бобат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни суханрониашон ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон (22 июли соли 2005) чунин таъкид намудаанд: «Баъдтар, соли 1940 боз устод Айнӣ бо таълифи мақолаи «Маънои калимаи «тоҷик» ба аҷнабиёну бегонапарастон асолати забони тоҷикӣ, мақоми ҷаҳонии он, асосҳои сарфу наҳв, савтиёт тарзи баён, ҳусни матлаб ва раванди инкишофи забони модарии моро дар тӯли таърих исбот карда, тамоми буҳтону туҳматҳоро ботил сохт».
Гуфтан ҷоиз аст, ки пас аз Инқилоби Октябр ва таъсиси давлати тоҷикон бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон забони адабии тоҷик на танҳо ба забони умумихалқии аҳолии Тоҷикистон, балки ва пурра ба забони матбуоти даврӣ, радиову телевизион ва гузашта аз ин, ба забони ҳақиқии илму фарҳанги Ватанамон табдил ёфт.
22 июли соли 1989 дар сессияи нуҳум – даъвати ёздаҳуми Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ расман мақоми давлатӣ дода шуд.
Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии хеш, ки моҳи сентябри соли 2021 таҷлил мешавад, қарор дорад. Дастовардҳои даврони истиқлол дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон беназиранд. Дар тӯли солҳои истиқлол яке аз самтҳои ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон қарордошта арҷ гузоштан ба забони модарӣ, рушду нумуи он ва муаррифии волоияти забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода хидматҳои ватандӯстонаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамтост. Пешвои миллат, бахусус, ҷавононро пайваста баҳри хубу дақиқ омӯхтани забони модарӣ даъват менамоянд. Узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саидамир Аминов соли 2018 ба ифтихори 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаҳои сиёсатмадорон, олимон ашхоси номвар ва адибони тоҷикро дар шакли китобчае бо номи «Бузургон дар бораи забони тоҷикӣ» ба чоп расонд, ки дар он аз суханрониҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 80 иқтибос оварда шудааст.
Инак, чанд иқтибос аз суханрониҳои муҳаббатбори Сарвари кишвар оид ба мақому мартабаи забони тоҷикӣ: «Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад». «Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад забони моро дар радифи забони арабӣ забони аҳли биҳишт арз кардаанд, ки он, воқеан, бо нафосат, балоғат ва фасоҳати худ шуҳрати оламгир ёфта буд». «Забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истилогар на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист, балки ғосибонро маҷбур кард, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул намоянд». «Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост. Бинобар ин, олимону зиёиёни мо бояд бо таҳқиқи масъалаҳои муҳимтарини забон ва таҷдиди таҳияи қомусу фарҳангномаҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва маърифати забономӯзии наслҳои имрӯзу оянда заруранд, ҷиддӣ машғул шаванд». «Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем, дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба модар, Ватан ва забони модарӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».
Ҳамин тавр, Пешвои миллат ҳамеша арҷгузори забони тоҷикӣ мебошад ва ҳамаро даъват менамоянд, ки нисбат ба забони модарӣ бепарво набошанд, онро пайваста омӯзанд, эҳтиром намоянд.
С.ШЕРБОЕВ,
узви вобастаи АТТ,
доктори илмҳои педагогӣ,
профессори ДДЗТ
ба номи С. Улуғзода
Иловакунӣ
Иловакунии фикр