Нашрияи Омӯзгор

Ҳаққи устод аз падар беш аст

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Деҳаи Давлатшоён мавзеи зебою афсонавӣ мебошад. Дар мавзеи Кангурти ноҳияи Темурмалик ин деҳаи ободро ҳама медонанд. Мардуми деҳа баробари деҳқонӣ посдори илму фарҳанг, китоб ва маориф мебошанд. Онҳо садсолаҳост, ки хотираи ҳамдиёрони худ, шоирон Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ва Бобоюнус Худойдодзодаро пос медоранд.

Собиқадори маориф, яке аз нахустин муаллимони Ҷамоати деҳоти Кангурт Салим Самиев дар ҳамин мавзеи биҳиштӣ ба дунё омадааст. Ӯ хотираҳояшро варақ зада, ба ёд меорад, ки чӣ тавр солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, айёми зимистон пирони деҳа дар хонае гирди ҳам омада китобхонӣ менамуданд. Салими ҷавон медид, ки чӣ тавр пирони умрдида аз китобҳои машҳури “Чор дарвеш”, ”Калила ва Димна” ”Ҳазору як шаб”, “ Самаки айёр” ва “Тӯтинома” пораҳои алоҳидаро қироат намуда, ба ҷавонон маънидод мекарданд.

Салими ҷавонро, ки қалби орзупарваре дошт, маҳз ҳамон суҳбату нишастанҳо ба ҷодаи фарҳанг, илму адабиёт бурд. Устодонаш медиданд, ки Салим бештар китобҳои ҷуғрофиё, ҳандасаву математика ва астрономияро мутолиа дорад. Ӯ баъди хатми мактаби миёна, соли 1956 бо ҳидояти устодонаш ба шаҳри Кӯлоб омада, ба факултаи физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Рудакӣ дохил шуд.

Он давра Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб маркази калони илмӣ-методии омӯзгорони ин минтақа маҳсуб меёфт. Дар факултаҳои он садҳо нафар донишҷӯ аз манотиқи гуногуни кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Салими ҷавон то соли 1961 дар донишкада таҳсил кард ва дар ин давра чун донишҷӯи ҷӯянда ва ташаббускор миёни донишҷуёну устодон эътироф гардид.

50 соли умри пурбаракаташро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшид.

... Бобои Салим Самиев ба синни мубораки 81 қадам монда бошад ҳам, ин дам бо табъи хушу болида вориди таълимгоҳ гардид. Омӯзгорон аз дидори устоди хеш шоду мамнун гардиданд. Устод Самиев аз роҳраву мактаб ва синфхонаҳои барҳавои дабистон дидан намуд.

Дохили ҳуҷраи фанни математика шуд. Ва оромона нигоҳашро ба нигоштаҳои математикӣ дӯхт. Аксҳои шиносу амалҳои ҳисоб ва китобҳои бозгӯи илми ҳандаса ва асрори оламро дид. Дастурҳои шиносро варақ зад. Охир ӯ тайи солиёни зиёде роҳбарии маҳфили математиконро ба уҳда дошт ва шогирдони сазовореро тарбия намуд. Ҳоло ӯ ба нафақа баромадааст, аммо ҳамкориашро бо шогирдон давом медиҳад.

 Ба андешаи устод Салим Самиев, маҳз математика метавонад дар рушди тафаккури хонанда ва зеҳни вай нақши муҳиме бозад. Зеро «математика шоҳи илмҳост», - гуфтаанд. Ба ин ақида ҳоло ҳам устод Самиев устувор аст ва шогирдонро ба кӯи дӯст доштани ин фанни наҷиб, ки аз хонанда ҷустуҷӯ ва малакаи хосаро тақозо дорад, равона мекунад.

Салим Самиев рӯзгори ибратбахшеро аз сар гузарондааст. Ӯ солҳои 1963-1965 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хизмати софдилона кардааст. Дар артиш низ хидмати намунавии ӯро ба инобат гирифта, ба лейтенанти калон Салим Самиев медали “20-солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ” супурдаанд.

 Барои заҳмату фаъолияти бисёрсолааш бо медали “Барои меҳнати шоён”, барои “ “20-солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ”, нишони “Аълочии маорифи СССР”, “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” сарфароз гаштааст.

Шогирдони устод номзади илмҳои физикаю математика Раҳмоналӣ Азимов, Мирзо Шодиев, Холназар Шафофиддинов, Хайрулло Шарифов, Сайдумар Файзиддинов ва бисёр дигарон бо пайраҳаи устоди хеш рафта, ҳоло дар соҳаи маорифу илм хизмати шоиста доранд.

Устод Салим Самиев барҳақ фидоии роҳи илму маориф будааст. Ӯ фарзандони худро низ дар рӯҳияи худогоҳию худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия дода, ҳамаашонро соҳиби маълумоти олӣ мегардонад. Писаронаш Хушвахт номзади илмҳои тиб, Убайдулло хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Нусратулло иқтисодчӣ, Суҳроб, ҳуқуқшинос, Ҷунайдулло омӯзгор, Холдона, табиб, Гуландом соҳибкор, Муслима ҳунарманд мебошанд...

Бо иқдоми бевоситаи фарзандонаш мактаби деҳа сари вақт таъмир гардида, синфхонаҳоро бо лавозими зарурии таълимӣ ва асбоби хониш, китобу дафтар таъмин намудаанд. Фарзандон амалҳои неки падарро дастгирӣ карда, барои хонандагони фаъоли мактаби деҳа идрорпулӣ (стипендия) –и муайян таъйин намудаанд ва ҳар сол дар ташкили озмуну маҳфилҳои мактаби кумаки худро низ мерасонанд...

Ҳоло собиқадори маориф Салим Самиев дар ҳалқаи ҷигарбандону пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Ӯро пешрафту шукуфоии диёр ва ваҳдату ягонагии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ваҷд меорад.

Дирӯз огоҳӣ ёфт, ки боз як шогирдаш, ки берун аз дарс бо ӯ аз математика машғулият мегузаронд, дар озмуни вилоятӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дастболо шудааст. Акнун устод Салим Самиев бо дили пур ва розӣ аз худ ҷониби мактаб қадам мезад. Мехост, ҳарчи тезтар ба мактаб расида, аввал шогирдашро табрик намояд ва баъд барои ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтани вай талош варзад.

 

Маҷид САЛИМ,

адиб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш