Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти кӯдакистони “Назокат” оғоз ёфт

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи томактабии хусусии “Назокат” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави боғчаи кӯдакона ду ошёна буда, ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 - юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватандӯст Аҳмадзода Ҷамолиддин сохта шудааст. Кӯдакистон метавонад 100 нафар фарзанди сокинони ноҳияи Шаҳринавро дар беҳтарин шароит ба таълиму тарбияи дурусти томактабӣ фаро гирад.

Синфхонаҳои дарсӣ пурра бо мизу курсӣ, аёниятҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бошанд, бо рахти хоб ва дигар роҳаткурсиҳои замонавӣ таъмин карда шудаанд. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону дигар кормандони кӯдакистони мазкур таваҷҷӯҳи онҳоро ба масъалаи дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасози давлат ҷалб карданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш