Нашрияи Омӯзгор

Бинои мактаб дар ноҳияи Ховалинг

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи  сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг  бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-ро  пас  азнавсозӣ  мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи мазкур ҳанӯз соли 1971 сохта шуда, бо гузашти вақт ниёз ба таъмиру таҷдиди он пеш омад.

Навсозии бинои муассисаи таълимӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори  30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи соҳибкорони ватанӣ амалӣ карда шуд.

Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна ва  се бинои таълимӣ иборат буда, барои 1500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Масоҳати умумии замини муассисаи таълимӣ зиёда аз 1 гектар буда, биноҳои он масоҳати 4 ҳазору 400 метри мураббаъ  қомат афрохтааст.

Дар мактаб барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар тамоми  шароити зарурӣ  муҳайё карда шудааст.

Мактаб дорои 38 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия,  технологияи иттилоотӣ  ва 16  утоқи корӣ  мебошад.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, омӯзгоронро  барои равона намудани донишу маҳорати касбӣ ҷиҳати омӯзиши илмҳои муосир ба хонандагон ва ҷалби бештари таваҷҷуҳи онҳо барои азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш