Дар тарабхонаи “Истиқлол”-и ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба беш аз 100 нафар кӯдакону наврасоне, ки бо амри тақдир аз падару модари худ маҳрум мондаанд, туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.
Туҳфаҳои Сарвари давлат аз маҷмӯи сару либоси зимистона ва тирамоҳӣ, аз ҷумла шиму кастюм, курта, ҷуробу пойафзол, болопӯш ва китобу дигар лавозимоти хониш иборат мебошанд.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, ба ятимон зиёфат ороста шуда, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои раъиятпарвар ва хайрхоҳу дурандеши миллат маблағҳои пулӣ ҳадя карда шуд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи ниёзманд, аз ҷумла ятимону бепарасторон, нафарони имконияташон маҳдуд ва дигар шахсони ба онҳо баробар мавқеъи меҳварӣ дорад.
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар мактаб - интернатҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, яъне дорои шароити олии донишандӯзӣ, муассисаҳои махсуси таълимӣ барои маъюбон ва дигар иншоот барои табақаи ниёзманди ҷомеъа бунёд карда шудааст.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб ёфта, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накӯи ниёгон шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ пайваста анҷом медиҳанд.
President.tj
Иловакунӣ
Иловакунии фикр