Нашрияи Омӯзгор

Гузоштани санги асоси мактаби нав

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ бо иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва дастовардҳои соҳаи иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ расман оғоз бахшиданд.

Дар асоси лоиҳа, мактаби нав барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нақшаи сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб дар заминаи нақша-чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати 7200 метри мураббаъ сохта мешавад.

Мувофиқи лоиҳа, бинои мактаб дуошёна буда, дар он тамоми имконоти зарурии таълим аз рӯи стандарти муосир муҳайё мегардад.

          Тарҳи мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдончаҳо барои машқҳои озод ва бозиҳои футбол, волейбол ва бас-кетбол иборат буда, тибқи он бунёди синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла, утоқҳои ҳунаромӯзӣ низ муҳайё карда мешавад.

Дар асоси лоиҳа ҳамзамон, дегхона, анбори сӯзишворӣ ва зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ, ки аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии лоиҳакашӣ тартиб ёфтааст, Сарвари давлат масъулинро барои татбиқи босифати лоиҳа ҳидоят намуда, дар самти риояи талаботи меъморӣ, аз ҷумла, сифати сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш