Нашрияи Омӯзгор

Нишонаи фарҳанги воло

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 762        Шарҳ: 0

Унсурулмаолии Кайковус дар китоби оламшумули худ «қобуснома» дар қисмати «Андар фарзанд парвардан ва оини он» овардааст: «Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст …».

 Се моҳ  қабл ҳайати корӣ, ки дар он банда аъзо буд, дохили бинои як муассисаи моҳиятан муҳим шудем. (Ба хотири риояи этикаи рӯзноманигорӣ ва мансубиятам ба ин маҳал аз баён кардани номи шахс ва муассиса худдорӣ кардам). Баъди салому алайк ва ҳадаф аз ташрифи ҳайат  сардор кормандонро аз рӯи ному насаб ва вазифаи корӣ як-як муаррифӣ кард, ки бо шунидани номи Чингизхон авзоям дигар шуд. Ба худ гуфтам, наход дар фаҳмамон намеғунҷад, ки ин деви одамхор ба сари миллатамон чӣ бадбахтиҳоро овард. Хуни мардум резонду вақти пирӯзиаш дар косахонаи саркардагони миллат шароб мехӯрд ва лашкари бенангу номусаш чи корҳои нораворо дар ҳаққи мардумамон анҷом доданд. Тибқи тақозои тахассуси касбӣ аз пайи тадқиқи ин ном шудам. Авлодони барандаи ин ном аз мардуми бумӣ буда, бо меҳнати ҳалолу хиради комил дар байни ҳамдиёрон мақоми хосса доранд. Амаки аршади Чингизхон дар вақти адои хизмати Модар - Ватан (солҳои 1943-1945) бо ду ҳамяроқ - Чингизхону Сергей дилбастагии сахт пайдо карда, зинда монданаш аз ҷонфидоии дӯстонаш будааст. Баъди баргаштан аз майдони набард ба ҳадафи поси хотири исми ҳамяроқони шаҳидаш ба фарзандаш номи Сергей ва ба фарзанди додараш Чингизхон ном гузоштааст.

Аз қадим дар байни халқамон ҳукми қонунӣ буд, ки барои поси хотири гузаштагон номи мубораки онҳоро ба фарзандони баъдии оила ё авлод мегузоштанд. Ҳастанд авлодҳо, ки сулолаи худро бо як ё ду ифода ва ё ҷузъи калима дар ном Давлатқул, Ҳазратқул, Маҳмадқул,  Азизхон, Давлатхон, Мародхон, Саидхоҷа, Саидризо, Саидгул, Довудшоҳ, Алимададшоҳ, Акбаршоҳ, Абдуҳамид, Абдалӣ, Абдулвоҳид, Муборакқадам, Хушқадам, Давлатқадам… солҳо пос медоранд.

Ба фикрам, номҳои Сергей ва Чингизхон дар ин авлод минбаъд бо такрор омадан мегиранд.

Мардум баъзан муҳаббати худро нисбат ба шахсони ғамхору мӯнисаш ҷойю маконҳоро ба номи фарзандони фарзона номгузорӣ мекунанд, ки ин амал хуб аст. Барои мисол, сокинони маҳаллаи офатзадаи Барсеми ноҳияи Шуғнонро ба маҳалли навбунёд кӯчонда, бо талаби сокинони шаҳрак номи онро Раҳмонобод монданд.

 Ба фикрам, вақти он расид, ки ба ояндагон аз гузоштани номҳои Аҳриману Заҳҳок, Судобаю Чингизхон ва умуман он шахсоне, ки ба миллати тоҷик дар таърих зулму ҷабр ва ё хиёнат кардаанд, худдорӣ намоем. Ба фарзандону маҳалҳо номҳои арзандаи миллӣ гузорем.

Боиси ифтихор аст, ки баъди соҳибистиқлолии кишвар ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ боло рафта, дар масъалаи интихоби ном ба фарзанд корҳои хубро анҷом дода истодаанд. Дар ҳамсоягиам ба ифтихори хизматҳои беназири Сарвари кишвар Амаки Қиматшоҳ набераашро  Эмомалӣ ва омӯзгорон Лоҳутиву Садбарг ба муносибати  саҳмгузории мардум дар сохтмони азимтарин Неругоҳи барқии Роғун духтарчаашро Саҳмия ном монданд. Дар оилаи Назировҳо номҳои таърихии Исмоилу Сомон ва дар авлоди Қозиараб номи шахсиятҳо машҳур Доробу Рустам, Қубоду Суҳроб,Таҳминаю Манижа аст. 

Шаҳрвандони кишвар иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон» хуш пазируфта, баҳри эҳёи суннатҳои волои мардумӣ гомҳои устувор гузошта истодаанд. Суннати номгузорӣ ҳам ба ин қонуни моҳиятан саривақтӣ мансубияти ногусастанӣ дорад.

 

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш