Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб

Сана: 2020-10-01        Дида шуд: 860        Шарҳ: 0

 

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нави Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Борбад ҷойгир буда, аз 4 ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он 47 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои фаннии химия, анатомия, биология, озмоишгоҳҳо, китобхона, маҷлисгоҳ, хонаи омӯзгорон, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин, дар шафати бинои нави таълимӣ ошхона бо 50 ҷойи нишаст ҷойгир аст, ки дар он ғизоҳои гарму болаззат омода ва пешниҳод мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам шудани имконияти мусоиди илмомӯзӣ масъулонро ҷиҳати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббию фарматсевтӣ вазифадор намуданд.

Дар ин муассисаи таълимӣ 80 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо омӯзгорони ботаҷриба мебошанд. Бо бунёд шудани бинои хуштарҳу замонавӣ барои донишҷӯён бо истифода аз тахтаҳои электронӣ, синфхонаи барҳавои компю-терӣ ва дигар аёнияти зарурии таълимӣ шароити арзандаи илмомӯзӣ фароҳам гардид.

Таълим дар муассиса бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари омӯзиши фанҳои тахассусӣ ба аз худ кардани забонҳои хориҷӣ низ диққати махсус равона гардидааст.

Дар коллеҷ аз рӯйи 5 ихтисос, аз ҷумла, кори момодоягӣ, кори фарматсевтӣ, табобатӣ, ҳамширагӣ ва табобати дандон баъд аз хатми синфи 11 мутахассис омода карда мешавад. Ҳамзамон аз рӯйи ихтисоси кори ҳамшигарӣ баъд аз хатми синфи 9 низ тайёр намудани мутахассисон ба роҳ монда шудааст.

Дар бинои навсохти таълимӣ 565 донишҷӯ дар ду баст таҳсил намуда, муҳлати омӯзиш аз 3 то 4 солро дар бар мегирад. Бо дарназардошти фаровонии растаниҳои шифобахш дар ин муассисаи таълимӣ ҳуҷраи гиёҳҳои шифобахш амал мекунад, ки дар он барои донишҷӯён оид ба таркиб ва хусусиятҳои фоидабахшии гиёҳҳо машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида мешавад.

Зимни суҳбат бо омӯзгорон Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисосро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ карданд.

Масъулон нақша доранд, ки солҳои наздик дар шафати бинои нави таълимии коллеҷ хобгоҳи зебою замонавӣ бунёд намуда, донишҷӯёни дурдас-ти мамлакатро бо ҷойи зист ва шароити хуб таъмин кунанд. Саҳн ва атрофи бинои муосири навбунёд сабзкорӣ шуда, иншоот ба симои шаҳри Кӯлоб ҳусни тоза зам кардааст.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш