Нашрияи Омӯзгор

Абдулҳафиз Азизов

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 793        Шарҳ: 0

 

6 октябри соли равон Абдулҳафиз Азизов, кимиёдони шинохтаи кишвар, дар 70-солагӣ даргузашт.

Ӯ 2 декабри соли 1950 дар деҳаи Сухи шаҳри Исфара ба дунё омада, факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва аз соли 1972 то охири умр омӯзгори кимиё буд. Фаъолияти омӯзгориашро дар мактаби №29 (1972-1991)-и деҳаи Сух оғоз карда, баъдтар директори гимназияи №6 (1992 – 2020) ва як соли охир ҳамчун директори муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академия Контакт Интернэшл»  кор кард.

Ӯ барои хидматҳои шоистааш дар рушди маориф ва тарбияи садҳо шогирди донишманду ҳирфаӣ бо нишони «Аълочии маорифи ҶТ» (1984), «Аълочии маорифи ИҶШС» (1987), бо ордени «Нишони Фахрӣ», ифтихорномаҳои шуъбаи сибирии АИ ИҶШС, Ҷамъияти умумииттифоқии химикон, Вазорати маорифи ҶТ қадрдонӣ шудааст. А. Азизов Корманди шоистаи ҶТ (1999) буда, «Муаллими соли Тоҷикистон» (1992) низ гардида буд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш