Нашрияи Омӯзгор

Инсони асил ва фидокори маориф

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон аз марги нобаҳангоми маорифпарвару фарҳангдӯсти асил ва инсони хоксору самимӣ Астонақул Нуров андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳон аст.

Марҳум дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, махсусан, соҳаи маориф нақши барҷаста гузоштааст. Зиёда аз 25 сол дар соҳаи маориф, аз ҷумла, ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 ва аз соли 2000 то соли 2004 ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон адои вазифа намуд. Дар давраи фаъолияташ зиёда аз 100 нафар шогирдро дар соҳаи маориф тарбия намуда, барои иштироки фаъолонаи хонандагони ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ саҳми арзанда гузошт. Ҳамзамон, устод зиёда аз 10 сол ба ҳайси хизматчии давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба сифати мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия фаъолият карда, садҳо кадрҳои ҷавонро тарбия ва дар низоми хизмати давлатӣ сафарбар намуд.

Устод Астонақул Нуров тамоми ҳастии худро барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, тарбияи насли ҷавон, дастгирии эҳтиёҷмандон ва мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҳамсоягону хешу ақрабо равона намуд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш