Нашрияи Омӯзгор

Мукаррама Қосимова

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

2 октябри соли равон дар 87-солагӣ доктори илмҳои филологӣ ва забоншиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мукаррама Қосимова дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Мукаррама Қосимова 16 январи соли 1933 дар шаҳри Конибодом, дар хонаводаи яке аз рӯзноманигорони номвари тоҷик Набӣ Фахрӣ ба дунё омадааст. Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) солҳои 1955 - 1959 дар аспирантура таҳсил кардааст.

Солҳои 1956 - 1986 ба ҳайси муаллим, муаллими калон, дотсент, ходими калони илмӣ, профессор, мудири кафедра, декани факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  фаъолият намудааст.

Мукаррама Қосимова устоди чандин насли забоншиносону адабиётшиносон, нависандагону шоирон, рӯзноманигорону таърихнависон маҳсуб меёбад.

Ӯ нахустин доктори илм дар соҳаи забон ва адабиёти тоҷик аз байни занони Тоҷикистон, муаллифи садҳо рисолаву мақолаи илмӣ дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, қоидаву меъёрҳо ва рушду такомули он, аз ҷумла, китобҳои илмию таълимии «Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ»,  «Хат ва имлои матни классикӣ» (5 маротиба нашр шудааст),   «Таърихи забони адабии тоҷик»  (иборат аз ду ҷилд) мебошад, ки дар асари пуарзиши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» ба онҳо чун ба сарчашмаҳои боэътимод истинод карда шудааст.

Мукаррама Қосимова аз соли 1982 аввал  котиби илмӣ, сипас, раиси Шӯрои диссертатсионии   ҳимояи рисолаҳои  илмӣ дар назди ДМТ (то соли 2012)  ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буд.

Бо ибтикори Мукаррама Қосимова Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шуд, ки дар ин марказ асосан, шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро бар уҳда дошт. Ҳамчунин, дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва нашрияҳои даврӣ кӯшиши зиёде ба харҷ додааст.

Зери роҳбарии Мукаррама Қосимова 48 нафар рисолаи докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд. Мукаррама Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда, ба қалами ӯ беш аз 190 номгӯй асар ва интишороти илмӣ тааллуқ доранд.

Барои фаъолияти пурсамари  корӣ бо нишони «Мактаби олии ИҶШС. Барои муваффақиятҳои шоиста дар фаъолияти меҳнатӣ», медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», медали «Ветерани меҳнат», унвонҳои Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1996) ва Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1967)  сарфароз гардонида шудааст.

Хотираи неки устод Мукаррама Қосимова абадӣ боқӣ хоҳад монд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш