Мазорӣ Усмонов аз 10-солагияш аз падару модар ятим монда, аз соли 1945 то соли 1947 дар хонаи бачагонаи Навободи собиқ вилояти Ғарм тарбия ёфтааст.
Соли 1947 ба омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм дохил шуда, баъди хатми он ба ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҳуҷҷат супорида, онро бо баҳои аъло хатм мекунад.
Фаъолияти корияшро ба сифати муаллими таърихи муассисаи таълимии №1 оғоз мебахшад. Солҳои 1957-1961 котиби якуми кумитаи комсомолии ноҳия шуда кор кардааст. Аз соли 1961 то соли 1963 дар вазифаи мудири шуъбаи маориф фаъ-олият намуда, то соли 1965 директори мактаби деҳаи Умарак ва баъдан, аз соли 1965 то соли 1975 бори дуюм ба ҳайси мудири маорифи ноҳия таъйин карда мешавад.
Дар ин давра тамоми фаъолияти корияшро ба беҳтаршавии кори мактабҳо, ташкил намудани интернатҳо ва боғчаи бачагон равона сохта, диққати заруриро баҳри дохилшавии довталабон, аз ҷумла, духтарон ба донишкадаю донишгоҳҳои кишвар сарф намуд.
Аз соли 1985 то соли 1987 раиси кумитаи назорати халқи ноҳия буд.
Кору фаъолияти самарабахшашро дар соҳаи маориф ба назар гирифта, бори сеюм вазифаи мудири шуъбаи маорифро ба ӯ раво донистанд, ки то соли 1993 дар ин вазифа фаъолият намудааст.
Баъди ба нафақа баромадан низ натавонист худро аз хизмати ватану миллат дар канор бигирад. Аз соли 1993 то соли 2006 дар вазифаи котиби Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки МИМҲД-и ноҳия ва мушовири кабинети методии шуъбаи маориф кор кардааст.
Хизматаш дар тарбияи шогирдон зиёд аст. Як қисми шогирдонаш ба мартабаҳои баланд расида, имрӯз ифтихор аз он доранд, ки шогирди чунин шахси наҷибу нотакроранд. Ӯ тамоми ҳастӣ ва вуҷуди хешро ба тарбияи ҷавонон бахшид. Аз шогирдон даъват ба амал меовард, ки дар рӯҳияи покизагиву созандагӣ кору фаъолият намоянд ва дар роҳи омӯзиши илму маърифат камари ҳиммат банданд, то сазовори ҳурмату эҳтиром бошанд.
Хизматҳои шоёни Мазорӣ Усмоновро ба назар гирифта, ӯро бо Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Аълочии маорифи халқ қадр кардаанд.
Марди зиндадил, хушсуҳбат ва давраоро буд устод Мазорӣ Усмонов.
Даргузашти ин шахсияти шинохтаю ботаҷриба барои пайвандон, дӯстон ва назиконаш вазнин аст. Ёдаш доим дар дилҳост. Кору пайкор ва сафҳаи дурахшони рӯзгораш мояи ифтихори мо, кормандони маориф, мебошад.
Ҷоят ҷаннату хонаи охиратат обод бод, устоди зиндаёд!
С.Солеҳзода,
Диловар Қосимӣ,
кормандони шуъбаи маорифи
ноҳияи Дарвоз
Иловакунӣ
Иловакунии фикр