Нашрияи Омӯзгор

Бинои нави таълимӣ сохта мешавад

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Осмонбикаи Ҷамоати деҳоти Худоёр  Раҷабови ноҳияи Восеъ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бинои нави таълимӣ иборат аз 10 синфхона ба истифода дода мешавад.

Бинои нави таълимӣ  бо тамоми шароити мусоиди таълимӣ фароҳам буда, синфхонаҳо тавассути системаи ягонаи буғӣ бо гармӣ таъмин мебошанд. Буғхона бо истифодаи ангишт гарм карда мешавад ва барои давраи тирамоҳу зимистон дар муассиса ангишти зарурӣ захира шудааст.

Ҳамчунин, дар деҳа аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ маркази хизматрасонӣ ва майдончаи пӯшидаи бозии футболи хурд мавриди истифода қарор дода шуданд. Иншооти мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ва наврасон ба варзиш бунёд гардиданд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш