Адабиёти шифоҳӣ ё фолклор як бахши муҳимми адабиёти ҳар миллат аст. Равшан аст, ки пешинаи ин навъи адабиёт ба замоне мерасад, ки ҳанӯз дабираҳо сохта нашуда буданд ва одамон гунаҳои фолклорӣ, амсоли устура ва афсонаҳоро аз насл ба насл интиқол медоданд ва ҳофизаи таърихиии хешро ҳифз мекарданд.
Устод Саъдӣ Қосимӣ аз зумраи ҳамон ошиқони тадқиқ ва бознамоии гавҳарҳои адабиёти шифоҳии миллати тоҷик ҳастанд ва ба фарҳанги мардум ва адабиёти шифоҳӣ ишқу алоқаи зиёд доранд. Китоби тозанашри эшон зери унвони “Мулоҳизаҳо андар боби адабиёти шифоҳӣ ва хаттӣ” (Душанбе: “Ирфон”, 2020) дар 396 саҳифа гоми устувор ва нигоҳи тоза доир ба масъалаҳои адабиёт, ба вижа, адабиёти шифоҳист.
Китоб аз чаҳор фасл иборат аст. Дар фасли аввали он, ки “Андар боби адабиёти шифоҳӣ” ном гирифтааст, мулоҳизаҳои Саъдӣ Қосимиро дар мавриди латифаҳои маҳаллӣ, маросимҳои мардумӣ, аҳаммият ва ҷойгоҳи Наврӯз, расму оини марбут ба он дар гузашта ва имрӯзи миллати тоҷик ва дигар ақвоми эронинажод, тақвимҳо ва солшумориҳои аҷдодию мардумӣ, рӯзи зан ва модар дар фарҳанги ориёӣ ва ғайра мехонем. Ҳамчунин, дар ин бахш ба ҷойгоҳ ва нақшу таъсири адабиёти шифоҳӣ дар осори Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва Маликушшуаро Рӯдакӣ бо намунаҳо ва мисолҳои фаровон пардохта шудааст. Дар мақолаи дигари ин фасл чеҳраи шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода ҳамчун фолклоршинос ва ошиқи адабиёти шифоҳӣ таҳлил ва тасвир шудааст.
Ҳамчунин, 11 матлаби ин фасл ба ҷашни Наврӯз ва оинҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, ноҳияи Дарвоз бахшида шудааст.
Бахшҳои дигари китоб “Андар боби адабиёти хаттӣ”, “Андар боби масоили забон”, “Андар боби шинохти чеҳраҳо”, “Анҷоми сухан” аст.
Дар мақолаи нахустини фасли дувум, ки ба адабиёти хаттӣ бахшида шудааст, эҳтиром ва ихлоси бениҳояти муаллифро ба устоди шинохтаи адабиёти тоҷик Салом Нуриёни Баравнӣ мебинем. Инчунин, ҳамин гуна муҳаббат ва самимият дар мақолаи дигаре, ки ба баррасии китоби “Савти Аҷам” бахшида шудааст, нисбат ба устод ва пажӯҳишгари шинохта Худоӣ Шариф эҳсос мешавад. Дар мақолаи “Забони хома то дам мезанад...” бо шоири мардумие аз диёри Дарвоз Баҳрини Дарвозӣ ошно мешавем, ки табъи бисёр латиф ва ашъори рангин доштааст.
Дар идомаи ин фасл ашъори шоирон Салом Нуриёни Баравнӣ, Абдураҳмон Сулаймонӣ ва Саидҷалол Каримзода мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтааст.
Дар бахши дигаре, ки марбут ба забон аст, бо бархе вижагиҳои забонии эпоси “Гурӯғлӣ” ва ибораҳои рехтаи лаҳҷаи мардуми Дарвоз ошно мешавем.
Фасли охири ин китоб як навъ меҳрномаи муаллиф ба чеҳраҳои шинохтаи илму маорифи кишвар, мисли устодон Наҷмӣ Сайфиев, Саидбой Шербоев, Саидраҳмон Саидов ва дигарон аст. Дар ҳамин бахши китоб меҳрномаи муаллифро нисбат ба падарашон мехонем, ки бисёр самимона ва бо муҳаббати зиёд нигошта шудааст.
Ҷобир МАРДОНЗОДА,
Хуршед ЭҲСОН,
кормандони шуъбаи
табъу нашри ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр