Нашрияи Омӯзгор

Сифати таҳсилот: мушкилоти татбиқ ва арзёбии он

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

 

 

 

Мусоҳиба бо мудири шуъбаи омӯзиши стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Давлатназар Имомназаров

- Муаллими муҳтарам, нахуст мехостем андешаи шуморо дар хусуси моҳияти мафҳуми сифати таҳсилот бифаҳмем.

- Масъалаи таъмини таҳсилоти босифат дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар, пеш аз ҳама, ба мувофиқ намудани мундариҷаи таҳсилот (стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳои фаннӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводи таълимии ёрирасон, дастуру раҳнамо, модулҳои таълимӣ, адабиёти зарурӣ барои худомӯзию худташаккулдиҳии хонандагону омӯзгорон) нигаронида шудааст. Он ба ниёзу дархости хонанда ва ҷомеа, истифодаи технологияи муосири таълим, таъмини ҳамгироии таҳсилот бо илм, таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ, таъмини мақсадноки курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва афзудани талаботи бозори меҳнат вобастагӣ дорад. Агар рушди соҳаи маорифро тайи чанд соли охир таҳлил намоем, маълум мегардад, ки истилоҳи «сифати таҳсилот» дар ин солҳо дар педагогика ҳанӯз вуҷуд надошт. Дар ин давра танҳо дар бораи санҷиш ва бақайдгирии дараҷаи дониши хонандагон сухан мерафт, зеро таҳти мафҳуми сифати таҳсилот асосан сатҳи дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар назар дошта мешуд. Имрӯз олимон, муҳаққиқон, коршиносон, омӯзгорон ва волидон дар бораи мушкилоти сифати таҳсилот фикру андешаҳои худро баён месозанд. Мафҳуми «сифати таҳсилот», пеш аз ҳама, муваффақият, иҷтимоишавии хонандагон, дараҷаи азхудкунии барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ маҳсуб меёбад. Он, инчунин, тавсифи маҷмӯи фаъолияти таълимӣ ва омодасозии хонандагон буда, дараҷаи азхудкунию мутобиқати дониш, малака ва маҳорати онҳоро ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот, стандартҳои фаннӣ, талаботи давлат ва ё эҳтиёҷоти ашхоси воқеӣ ё ҳуқуқӣ муайян мекунад. Сифати таҳсилот – тавсифномаи раванди таълим буда, ташаккули пайгирона ва воқеан босамари салоҳиятҳо ва маърифати касбиро муайян мекунад ва дорои се хусусият мебошад: сифати нерумандӣ, яъне ноил гардидан ба ҳадафҳои таълим, сифати раванди ташаккули касбият ва сифати натиҷаи дастовардҳои таълимӣ.

- Дар ин замина, роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилотро дар чӣ мебинед?

-Воқеан, шумо дуруст суолгузорӣ намудед. Зеро ин масъала дар «Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон то соли 2020», ки ҳанӯз соли 2012 ба тасвиб расонида шудааст ва ба ислоҳоти соҳаи маориф баҳри таъмин ва дастрас гардондани таҳсилоти босифат дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот замина гузоштааст, инъикос гардидааст. Стратегияи мазкур баланд бардоштани сифати таҳсилотро ба ин тарз муайян кардааст: ба воситаи навсозии мазмуни таҳсилот, коркарди стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии насли нав, ворид сохтани тағйирот ба сохтори соҳаи маориф ва таъмини дастрасӣ ба таҳсилоти босифат. Бояд қайд намуд, ки тибқи Стратегияи мазкур мазмуну мундариҷаи стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ (муносибати босалоҳият ба таълим) аз ҷониби коршиносон, олимон омӯзгорони навовар ва дигар мутассадиёни соҳа таҷдиди назар ва баъзан аз нав коркард шуданд. Аз ҷумла, ба мундариҷаи аксари китобҳои дарсӣ асосан тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд ва мазмуни онҳо то андозае ба талаби замон, дархости хонандагон ва ҷомеа мувофиқ карда шуданд. Ҳамзамон, бо гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълими фанҳои ҷомеашиносӣ, технологияи иттилоотӣ, биология, география, санъати тасвирӣ, суруд ва мусиқӣ дар соли таҳсили 2020-2021 марҳилаи аввали татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ба анҷом расонида мешавад. Дар баробари ин, барои таъмини таҳсилоти босифат иҷрои вазифаҳои зерини стратегӣ, аз қабили баланд бардоштани самаранокии системаи идоракунии таҳсилот, такмили маҳорати касбӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос, таҳким бахшидани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, такмил додани механизмҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва механизмҳои дигари соҳа низ пешбинӣ гардидаанд.

- Масъалаи номбурдаро ба таври муфассал шарҳ медодед. Манзури мо ин аст, ки сифати таҳсилот дар раванди таълим чӣ тавр (ё бо кадом омилҳо) таҳлил, баррасӣ ва хулосабарорӣ карда мешавад?

-Аслан сатҳи баланди сифати таҳсилот – дараҷаи олии донишҳои академӣ, ташаккули салоҳиятҳои асосӣ, фаннӣ, иҷтимоӣ… ва дар маҷмӯъ, ҷамъи таҷрибаҳои иҷтимоии хонандагон ба ҳисоб меравад, ки дар раванди азхудкунии пурраи барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби хонандагон ба даст оварда мешавад. Дар ин росто, дараҷаи камолоти маънавии хонандагон аз рӯйи аҳамияти худ бояд дар ҷойи аввал қарор дошта бошад. Коршиносон, муҳаққиқон ва омӯзгорон самаранок гардонидани раванди таълим, дарёфти маълумоти воқеӣ дар бораи сифати таҳсилот ва дастовардҳои таълимии хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар ва коркарди механизми арзёбии муосирро басо муҳим мешуморанд. Ба андешаи онҳо, барои муайян намудани дараҷаи дониш, малака ва маҳорати хонандагон дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим коркарди низом ва меъёрҳои баҳодиҳии муосир амри зарурист. Гурӯҳи дигари коршиносон, муҳаққиқон ва омӯзгорон низоми нави баҳодиҳии (рақамӣ) бисёрхоларо ба натиҷаҳои таълимии хонандагон омили ба сифати таҳсилот таъсиррасон намешуморанд. Онҳо бар ин назаранд, ки асоси баҳодиҳии сифатӣ ба дастовардҳои таълимии хонандагон аз раванди доимии ҷамъ овардани иттилоот (маълумот) оид ба дараҷаи азхудкунии дониш, қобилияти истифодаи амалӣ, таҳлилӣ маълумоти сифатӣ, баровардани хулосаҳо ва пешниҳоди ҷавобҳои муътамад иборат мебошад. Дар раванди чунин арзёбӣ ҳар як хонанда водор мегардад, ки дастоварду мушкилоти таълимии (сатҳи азхудкунӣ) худро ба таври воқеӣ муайян созад ва барои пешрафту бартарафсозии мушкилот чораҳои амалӣ андешад. Ҳамзамон, тавассути арзёбии сифатӣ ба маҷрои дуруст равона намудани раванди таълим муайян карда шуда, шавқмандии иловагии хонанда ба таълим ва интихобу истифодаи манбаъҳо барои амалиёти фаъол муайян ва ба хонанда кумаки иловагӣ баҳри пешрафти муваффақона дар таълим расонида мешавад. Арзёбии ташаккулдиҳанда хонандаро ба худбаҳодиҳӣ ва таҳлили фаъолияти хеш ба таври мунтазам водор месозад ва ба ин васила, ӯ раванди омӯзиши худро назорат мекунад ва дар сурати зарурат ба нақшаи фаъолияти худ тағйироту иловаҳо баҳри пешрафти муваффақона ворид месозад. Гузашта аз ин, чунин раванди таҳсилот хонандаро ба шахсони тамоми умр омӯзанда табдил медиҳад. Ҳамчунин, арзёбии ташаккулдиҳанда (сифатӣ) омӯзгорро низ водор месозад, дар раванди ҳар як дарс дар бораи дастоварду мушкилоти фаъолияти хеш маълумот ба даст орад, онро таҳлил намояд ва роҳҳои бартараф намудани норасоиҳоро дарёфт намояд ва ба ин васила, мунтазам маҳорати касбии худро такмилу ташаккул диҳад.

- Ба андешаи шумо, дар ин самт чӣ норасоию мушкилот мавҷуд аст ва ҷиҳати рафъи он кадом корҳоро ба анҷом бояд расонд?

-Аслан фаъолияти самарабахши Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф дар солҳои охир дар шароити ислоҳот ва ворид гардидани маорифи кишвар ба низоми таҳсилоти ҷаҳонӣ дар самти навсозӣ ва коркарди Стандарти давлатии таҳсилоти уммуии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои фаннӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ, мувофиқу мутобиқ сохтани онҳо ба талаби замон дар шароити рушди бозори меҳнат ва афзудани босуръати иттилоот ба назар мерасад. Ҳамчунин, таҳлили вазъи таъмини таҳсилоти босифат, самараи истифодаи технологияи муосири таълим, омодагии кадрҳои баландихтисос дар шароити татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим дар ҷаласаҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, шӯрои ягонаи АТТ, Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ҳамвора баррасиву муҳокима мегардад. Вале дар ин самт мушкилоти зиёде мавҷуданд, ки ҳалли онҳо бояд ҳарчи зудтар сурат гирад. Аз ҷумла, дар сатҳи нокифоя қарор доштани таъминоти молиявию иқтисодии воқеии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо дарназардошти афзудани нарху навои маводи таълимӣ дар шароити гузариш ба таҳсилоти босифат ва технологияи муосири таълим, ки истифодаи маводи зиёди тақсимотӣ ва воситаҳои техникиро тақозо мекунад. Танқисии кадрҳои баландихтисоси омӯзгории ҷавобгӯ ба талабот ва дархости шахс ва ҷомеа дар кишвар, дар шароити гузариш ба таҳсилоти босифат, бахусус, дар деҳот заминаҳои сусти моддию техникии муассисаҳои таълимии кишвар, муҷҷаҳаз намудани кабинетҳои таълимӣ бо асбобу васоити техникии замонавӣ, ҳамчунин, сатҳи пасти худомӯзию худташаккулдиҳии омӯзгорон дар шароити бо суръат афзудани иттилоот дар замони рушди илм ва техника аз дигар мушкилоти соҳаи маориф ба шумор меравад. Бар замми ин, нарасидани ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва аз уҳдаи идораи хонандагон набаромадани теъдоди зиёди омӯзгорон, нокифоятии иттилооти (адабиёти) зарурӣ оид ба муносибати босалоҳият ба таълим барои ҳамаи заминаҳои таҳсилот ва истифодаи банудрати технологияи муосири таълим, таваҷҷуҳи кам зоҳир намудан ба раҳёфти ҷалби хонанда ба ташаккули қобилиятҳои тафаккурӣ: таҳлил, муқоисаи факту далелҳо, мустақилият ва эҷодкорӣ, пайвастани донишҳои назариявӣ бо амалия ва ғайра ба раванди таҳсил дар умум, таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, сардорони раёсат, шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии ҳукуматҳои маҳал вазифадоранд, ки вобаста ба шароит ва имконот баҳри таъмини таҳсилоти босифат кабинетҳои таълимӣ, озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и фанниро бо таҷҳизоти замонавӣ ва воситаҳои дигари ёрирасон муҷаҳҳаз гардонанд. Ҳамчунин, омӯзгоронро ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ вобаста ба сатҳи омодагии онҳо сафарбар намуда, ба истифодаи технологияи муосири таълим, аз ҷумла, ба роҳёфти ҷалби хонанда ба ташаккули қобилиятҳои тафаккурӣ: таҳлил, муқоисаи факту далелҳо, мустақилият ва эҷодкорӣ, пайвастани донишҳои назариявӣ бо амалия бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Дар баробари ин, таълими фаъолияти мақсадноки шӯрои методӣ, иттиҳодияҳои фаннӣ, гурӯҳҳои сифати таҳсилот ва роҳҳои ҳавасманд намудани онҳоро дарёфт карда, омӯзгорон ва хонандагонро ба худомӯзию худташаккулдиҳӣ тавассути хулосабарорӣ намудани фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо ва барбарафсозии мушкилоти ҷойдошта водор созанд. Дар иҷрои ин тадбирҳо ҳамкории судманди мактаб, оила ва ҷомеа нақши ҷиддӣ мебозад.

Мусоҳиб Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш