Нашрияи Омӯзгор

Иқдоми нав дар камолшиносӣ

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 816        Шарҳ: 0

 

Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ бо ҳамкории кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ таҳти унвони «Камол – устоди бузурги забон» тавассути нашриёти «Ношир» китоберо ба нашр расонд.

Тибқи иттилои директори маркази мазкур Баҳром Раҳматов, китоб ҷилди чаҳоруми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» буда, бо кӯшиши корманди Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ Фирӯза Қодирова таҳия шудааст.

Дар китоби мазкур дар доираи 28 мақола паҳлуҳои мухталифи забонии шеъри Камоли Хуҷандӣ: воҳидҳои савтӣ, лексикӣ, сарфӣ, наҳвӣ, фразеологӣ  мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Умуман, мақолоти китоб бештар дар доираи ғановату назокат ва ҷолибияти забони ғазалҳои дилошӯби шоир буда, фикру андешаҳои муҳаққиқони гузаштаву ҳозираро доир ба ин падида фаро гирифтаанд.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш