Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи касбҳои миллӣ дар байни ҳунармандони вилояти Суғд озмунҳо оид ба «Истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ, ҳадяи беҳтарин ба сайёҳон» ва «Мақолаи беҳтарин» таҳти унвони «Тоҷикистон - минтақаи ҷолиби сайёҳӣ» гузаронида мешаванд.
Ҳадаф аз баргузории озмунҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ ва намудҳои гуногуни он дар вилоят, муаррифии миллату давлати тоҷикон ба ҷаҳониён ва татбиқи босамари «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» дар вилояти Суғд мебошад.
Озмун аз рӯи «Мақолаи беҳтарин» байни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят гузаронида шуда, қабули мавод то 23 октябри соли равон дар назар аст.
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр