Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият ба тарбияи кӯдакони нуқсондор диққати асосӣ дода мешавад. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 04 соли 2011, № 228 “Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015”, “Низомнома дар бораи тартиби ташкили таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд. Дар низомномаи мазкур гуфта мешавад, ки: “таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) раванде мебошад, ки омӯзиши барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои кӯ-дакони имкониятҳояшон маҳдуд бо ҳамсолоне, ки солим ҳастанд, якҷоя ба роҳ монда мешавад.
Таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) ҳамчун таълими якҷояи кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд бо кӯдакони солиме, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шароит муҳайё карда шуда, дар маҷмӯъ мазмуни таълим коҳиш намеёбад, дар назар дошта шудааст. Мақсади таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) таъмини дастрасии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсили босифат, мутобиқгардии ниҳоӣ ва иҷтимоии онҳо дар ҷомеа мебошад”.
Мо бояд аз илми дефектология пурра бохабар бошем. Хушбахтона, имрӯз дар маркази вилояти мо барои кӯдакони рӯҳан ва ҷисман нуқсондор маркази «Нур» ва ассотсиатсияи волидайн «Саҳоб» кушода шудааст, ки дар ин марказҳо мутахассисони соҳибкасбу варзида кору фаъолият менамоянд ва ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасанд.
Дар баробари ин, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ соли 2012 дар факултаи биология шуъбаи дефектология кушода шудааст ва беҳтарин донишҷӯён дар ин бахш таҳсил карда истодаанд. Дар раванди таълим донишҷӯёнро уҳдадор мекунем, ки асосҳои фанни дефектология ва методикаи таълими онро бо тамоми нозукиҳояш аз худ намоянд, то ки дар оянда дар асоси таълимоти назариявии ин фан дар такя бар хислатҳои нек ва барҷастаи инсонӣ донишҷӯён тавонанд бо ин гурӯҳи кӯдакон кору фаъолият намоянд. Барои донишҷӯён китобу маводи зиёдро дастрас намудем, ки бо истифода аз онҳо метавонанд савияи дониши педагогиашонро баланд бардоранд ва дар кори амалии худ усулҳои нав ба нав ҷорӣ намоянд. Агар, дар ҳақиқат, кӯшиш намоем, ки ин кӯдакон каме ҳам бошад, шод шаванду комёб гарданд, дар таълиму тарбияи онҳо амали дастҷамъонаи мо ниҳоят муҳим аст.
Педагоги барҷастаи рус Антон Макаренко гуфта буд: «Ҳама чиз: одамон, ашё, воқеият таъсиррасонанд, аммо, пеш аз ҳама, одам одамро тарбият мекунад. Мақоми аввалро тарбияи падару модар ва педагогҳо ишғол менамояд. Кӯдак ба олами мураккабу беандозаи муносибатҳо ворид мешавад, ки ҳар яке аз онҳо доимӣ рушд мекунанду ба якдигар равобит доранд ва ҷараёни рушду нумӯи ҷисм ва ахлоқи бачаро душвортар мегардонанд. Бинобар ин, ҳалли ин муаммо танҳо вобаста ба тарбия аст».
Бале, тавассути меҳнати шабонарузӣ ва кумаки самимӣ мумкин аст, ки ҳаёти ин кӯдаконро дурахшон созем.
Парвин ДАСТАМБУЕВА,
устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи
Моёншо Назришоев
Иловакунӣ
Иловакунии фикр