Нашрияи Омӯзгор

«Саразм - нодиртарин ёдгории аҳди бостон»

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

1-2 октябри соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии фосилавӣ ба ифтихори 5500-солагии Саразми бостонӣ гузаронида шуд. Даври якуми озмун аз рӯи 3 шарт: навиштани реферат (дар ҳаҷми 8-12 саҳифа), иншо (дар ҳаҷми 6-10 саҳифа) ва ҳалли саволномаи тестӣ ба таври фосилавӣ ҷараён ёфт. Довталабон ба воситаи почтаи электронии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии вазорат маводи худро фиристоданд. Дар он хонандагони синфҳои 5-11-и ҳамаи намуди муассисаҳои таъсилоти умумӣ ва иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва инчунин, онҳое, ки берун аз ҷумҳуриянд, ҳуқуқи иштирок карданро доштанд. Аз ҳар як шаҳру ноҳия ба 4 нафар ғолиб барои иштирок дар даври дуюм роҳхат дода шуд. Ҳамаи довталабон аъзои маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳраку ноҳияҳои кишвар мебошанд.

Директори маркази номбурда Умедҷон Сафарзода гуфт, ки даври ҷамъбастии озмун бояд дар шаҳри Панҷакент-шаҳраки қадимаи Саразм гузаронида мешуд. Аммо бо сабаби доман паҳн кардани бемории сироятии коронавирус ҷиҳати ҳифзи сиҳатии иштирокдорон онро дар шаҳри Душанбе бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор намудем.

Қисмати расмии  озмун дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оғоз гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии вазорат Умедҷон Сафарзода ҳадафу шартҳои озмунро шарҳ дод.

Баъдан, довталабон дар мавзӯъҳои дахлдор (асосан, Саразм ва таърихи он) маърӯзаҳои пурмуҳтавои худро пешниҳод карданд.

Дар қисмати ҷамъбастии озмун ҳайати ҳакамон дар бораи маърӯзаҳои ироанамудаи довталабон андешаву пешниҳодҳои худро иброз доштанд.

Аз ҷумла, академик Юсуфшо Ёқубов зикр кард, ки ҳамаи маърӯзаҳо бисёр хуб буданд, аммо аксар  далелҳо такрор ба такрор гуфта шудаанд. Чанд муддати охир ба ман омӯзгорон аз минтақаҳои гуногуни кишвар занг зада, дар бораи Саразм маълумоти бештар талаб мекунанд, ки ин сабаб дорад. Зеро дар бораи Саразм ман дар китоби таърих маълумоти фишурда ва кам додаам. Аммо он маълумот ҳам куҳна шудааст. Дар шаҳраки Саразм беш аз   40 сол аст, ки таҳқиқот давом дорад ва яқинан, маълумот дар ин бора фарогиру нав шудааст.

Дар ҷамъбаст хонандаи синфи 11-и мактаби №5-и шаҳри Кӯлоб Хушнуда Сафарова, хонандаи синфи 10-и муассисаи ғайридавлатии «Ирфон»-и шаҳри Хуҷанд Маҳастӣ Иброҳимзода, хонандаи  синфи 9-и мактаби №21-и ноҳияи Файзобод Фариштамоҳ Мирқадамова, хонандаи синфи 8-и мактаби №8-и шаҳри Хоруғ Барфия Бозмамадова, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе Шаҳноза Сайфова, хонандаи синфи 7-и мактаби №11-и шаҳри Душанбе Нурия Қоризода ва хонандаи синфи 10-и гимназияи №2-и шаҳри Бӯстон Фарзона Зокирова бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва маҳорати хуби сухандонию суханварӣ ва ҳозирҷавобӣ аз ҷониби ҳакамон баҳои баландро соҳиб гардиданд. Ба ғолибони озмун ва иштирокдорон аз ҷониби кумитаи тадорукот туҳфаҳо ва Ифтихорнома супурда шуд.

Дилафрӯз ҚУРБОНӢ,

«Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш