Нашрияи Омӯзгор

Комёбӣ аз ҳамбастагист

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф пайваста меафзояд ва ҳамагон ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки дар рушду такомули ин соҳа ҳиссагузор бошанд. Воқеан ҳам, шукуфоию пешрафти имрӯзу фардои кишвари маҳбубамон бо соҳаи тақдирсози маориф ҳамбастагии устувор ва ҳамешагӣ дорад.

Аҳли маориф дар сафи пеши ҷомеа қадам мезананд ва раҳнамои ҳамагонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаву хирадбунёди худ гузоштаанд, онро соҳаи афзалиятнок эълон намудаанд ва зимни суханрониҳои худ мунтазам таъкид мекунанд, ки соҳаи маориф тақдирсози миллат аст ва Ҳукумати мамлакат барои такомули ин соҳа тамоми шароитҳоро фароҳам меоварад. Дар ҳақиқат, ҳамаи мо шоҳиди онем, ки дар саросари ҷумҳурӣ сохтмони биноҳои замонавии мактабҳои нав ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазонидани онҳо бо суръати баланд ҷараён дораду дар ин замина барои марҳила ба марҳила боло бурдани сатҳи таълиму тарбия имконоти мусоид фароҳам меоянд. Барои рушди соҳа як силсила асноди муҳим ва таконбахшу раҳнамо ба тасвиб расиданд ва ислоҳот дар тамоми самтҳои маориф бомуваффақият идома дорад. Дар қатори неруҳои дигари ҷамъиятӣ иттифоқҳои касаба низ дар такмилу пешрафту дастгирии соҳаи маориф ҳиссагузорӣ менамоянд. Аз ҷумла, кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд дар ин самт фаъолияти бавусъату фарогир дорад.

Кормандони кумита ҳамеша бар он мекӯшанд, ки ҳамдаму ҳамрози аҳли маориф бошанд, онҳоро ба қадри имкон дастгирӣ намоянд ва дар фароҳамоварии шароити созгори фаъолият ба алоқамандони таълиму тарбия мададгорӣ бикунанд. Дар вазъи кунунӣ вобаста ба он ки соҳаи маорифи кишвар ба марҳилаи рушди басуръат ворид гаштааст, ҳамкорию ҳамбастагии аҳли маориф бо иттифоқҳои касаба аҳамияти бештар аз пештар пайдо мекунад. Ҳамарӯза теъдоди зиёди алоқамандони соҳаи маориф бо масоили гуногун рӯй ба кумитаи иттифоқи касаба меоваранд ва аз дастгирию маслиҳату машварати мутахассисони варзидаи кумита бархӯрдор мешаванд. Дар ҳимояи манфиатҳои омӯзгорон, ҳалли баъзе ихтилофот, саривақт дастрас шудани маош, баргузории тадбирҳои гуногун, ташкили ҳамоишҳои омӯзишӣ ва амсоли инҳо кумитаи мо фаъолияти мунтазаму бавусъат дорад. Ҳамасола дар радифи корҳои дигар бар он мекӯшем, ки омӯзгорон пас аз давраи пурсамару заҳматбори таълиму тарбияи шогирдон бо фароғати комил фаро гирифта шаванд. Бо ин мақсад дар давраи таътили тобистона (давраи рухсатиҳо) ва ҳангоми зарурат дар вақтҳои дигар гурӯҳи калони кормандони соҳа бо роҳхати кумитаи иттифоқи касаба барои истироҳат ба фароғатгоҳҳои «Соҳил», «Шифо», «Баҳористон», «Зумрад» ва «Ависсити»-и ҳудуди вилоят фиристода мешаванд. Сол то сол теъдоди чунин кормандони соҳа меафзояд.

Кумита барои донишҷӯёни фаъол ва хонандагони муваффақи вилоят стипендияҳои махсус таъсис додааст ва ҳамчунин, ба муносибати ҷашнвораҳо ба муҳассилини эҳтиёҷманд кумакпулию ҳадяҳо дастрас карда мешаванд. Чунончи, ба муносибати Рӯзи байналмилалии кӯдакон ба беш аз сад кӯдак мадади моддиву молиявӣ расонда шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз кормандони мо фарзандони маъюби кормандони соҳаи маорифро аёдат намуда, ҳамчун кумак дар маҷмӯъ наздик ба ҳафт ҳазор сомонӣ тақдим карданд.

Барои дастгирии омӯзгорони камбизоат кумита дар давоми нимсолаи аввали соли равон беш аз сӣ ҳазор сомонӣ маблағ сарф намуд.

Бо ибтикори кумита дар таълимгоҳҳои вилоят мунтазам чорабиниҳои фарҳангию адабӣ ва варзишӣ баргузор карда шуда, фаъолону ғолибон соҳибмукофот мегарданд. Мутахассисони кумита давра ба давра ба мактабҳо рафта, шароити кору истироҳати омӯзгоронро аз назар мегузаронанд, ба аҳли таълиму тарбия маслиҳатҳо медиҳанд ва барои дастрас намудани таҷҳизоти фаннӣ мадад мерасонанд.

Соли равон вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус (СOVID-19) дар нақшаи кори кумита тағйирот ворид карда шуд. Кормандони кумита ба таълимгоҳҳо рафта, барои пешгирии ин бемории пурхавф ба хонандагону устодон маслиҳатҳо доданд, варақаҳои махсус (усулҳои ҳимоя аз коронавирус, роҳҳои табобати он…) паҳн намуданд. Ба як қатор мактабҳои олӣ ва мактабҳои миёнаи махсус ба таври ройгон ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ, собуни дастшӯӣ ва ашёи дигари зарурӣ дастрас карда шуданд. Аз ҷониби кумита ба кормандони беморхонаи Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба миқдори муайян маводи ғизоӣ (орд, равған, шакар, картошка, пиёз, карам, сабзӣ, намак, макарон…) тақдим гардид.

Кормандони кумита тавассути воситаҳои ахбори омма дар вилоят пайваста суханронӣ карда, ҳамагонро ба риояи қоидаҳои зиддивирусӣ даъват менамоянд, дар ҷойҳои серодами шаҳру ноҳияҳои вилоят рейдҳо ташкил мекунанд.

Бояд махсус таъкид намуд, ки кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят бо тамоми кумитаҳои иттифоқи касабаи соҳавии шаҳру навоҳии вилоят ҳамкорию робитаи пурсамар дорад, ки ин муҳимтарин омили комёбиҳост.

Ҳоло аҳли кишвари маҳбубамон ба ҷашни бузург – 30-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ омодагӣ мебинанд ва ба ин муносибат дар тамоми мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Аъзои иттифоқи касабаи вилояти Суғд низ ба ифтихори ин фархундаҷашн тадбирҳои зиёди идонаро амалӣ менамоянд ва дар ободонию пешрафти Ватани азизамон ҳиссагузорӣ мекунанд.

 

Мӯсобек МИРОВАТОВ,

раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандони

 маориф ва илми

вилояти Суғд


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш