Нашрияи Омӯзгор

Омӯзишро вусъат бояд бахшид

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Мактабу маориф дар роҳи рушду нӯмуи иҷтимоию иқтисодӣ ва зеҳнию ақлонии ҳар як миллати мутамаддин ва худогоҳ мавқеъ ва манзалати хоса дорад.

Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии инкишофи миллат буда, бо раванди рушди инсонӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Ҳамин аст, ки дар давоми 29 соли даврони сохибистиқлолӣ дар кишварамон бобати рушди маориф чун як соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таваҷҷуҳи махусус зоҳир карда шуд ва дар натиҷа ба нишондиҳандаҳои муайян низ ноил шудем. Зимни суханрониашон дар Рӯзи дониш Пешвои миллатамон зикр намуданд, ки “Мо ба омӯзиши ҳамаи фанҳо, аз ҷумла, фанҳои гуманитарӣ эътиборӣ ҷиддӣ медиҳем, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар зарурати таваҷҷуҳи бештар ба илмҳои табиӣ пеш омадааст. Ин зарурат бо ҳадафи чоруми миллии мо - саноатикунонии босуръат ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон вобаста аст.”

Бешубҳа, дар шароите, ки Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёри миллӣ дар арсаи байналхалқӣ кайҳост, ки эътироф гаштааст, азхудкунии донишҳои замонавӣ ва ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ хеле муҳим буда, имрӯз кишварамон ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад. Омӯзиши фанҳои табиӣ тафаккури техникии ҷавононамонро тавсеа бахшида, онҳоро ба ҷустуҷӯҳои илмӣ ва ихтироъкориҳо ҷалб манамояд. Аз ин рӯ, пешниҳоди Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф басо саривақтиву зарурист. Илова ба ин, қарни 21 чун давраи техникаву технология ва омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ шинохта шудааст. Дар чунин шароит равнақи ҷомеаи инсониро бе ҷорӣ намудани технологияи муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст ва дар замони муосир танҳо он ҷавононе метавонанд дифоъ аз шаъну шарафи миллати хеш кунанд, ки воқеан, донандагони хуби илмҳо, техникаву технологияҳои пешрафта ва забонҳои хориҷӣ бошанд.

Гузаштагони мо дар тӯли таърих соҳиби фарҳангу тамаддуни хоса, аз поягузорони тамаддуни ҷаҳонӣ будаанд. Аз ҷумла, Абӯҳанифа, Хоразмӣ, Абӯбакри Розӣ, Берунӣ, Хайём. Сино, Имом ғаззолӣ, Аҳмади Дониш аз он нафаронеанд, ки на танҳо барои пешрафти дину мазҳаби худ, балки пешрафти илмҳои дақиқ, мисли мантиқ, риёзиёт, ҳандаса, нуҷум ва ҳоказо навовариҳои ҷолиб кардаанд. Мутаассифона, низоъҳои дохилии солҳои 90-ум дар кишварамон боиси ба дараҷаи паст рафтани сатҳи омӯзиши техникаву технология гардида, боиси то дараҷае дур мондани насли ҷавонамон аз илм гардид. Ҳанӯз дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ аз 15 апрели соли 2009-ум оид ба диққати ҷиддӣ додан ба рушди илмҳои техникӣ ва риёзӣ зикр гашта буд, ки «Вазифаи аввалиндараҷаи Вазорати маориф, Академияи илмҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҳамаи қувваю имкониятҳои худро дар баробари рушди илмҳои гуманитарӣ ба тавсия ва инкишофи илмҳои техникӣ ва риёзӣ сафарбар намуда, заминаи такомули шуури техникӣ ва иқтисодии ҷомеаро ба ҳам оранд». Дар ин замина, нахустин иқдоми Роҳбари давлат ин ба компютерҳо ва шабакаи интернетӣ пайваст намудани сартосари муассисаҳои таълимӣ буд, ки ҳоло пурра ба анҷом расидааст. Ва ин нахустин қадам дар роҳи расидан ба қуллаи дастовардҳои илмиву техникӣ буд. Дар натиҷаи он, истифодабарандагони технологияҳои компютерӣ дар 10 соли охир хеле афзуд.

Инак, тавре зикр намудем, Роҳбари давлат бо мақсади тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маорифро эълон намуданд. Албатта, дар чунин шароит масъулияти омӯзгорон дучанд мегардад. Дар ин замина, тақозо мешавад, ки соатҳои таълимиро самаранок истифода бурда, ҳар чӣ бештар майлу рағбати омӯзиши илмҳои муосирро дар ниҳоди хонандагон афзун намоем.

Мирзоабдухолиқ ХОЛОВ,

омӯзгори мактаби №23,

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш