Ҳафтаи гузашта дар толори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи забон таҳти унвони «Забон – муҳимтарин унсури бақои миллат» баргузор гардид. Ҳамоишро президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академик Ғ.Бобизода ифтитоҳ намуда, дар хусуси мақом ва нақшу ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар рушди илму фарҳанги миллӣ сухан ронд. Сипас, сармутахассиси шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи АТТ С.Шербоев дар мавзӯи «Ҳифзи забон ҳифзи Ватан мебошад» суханронӣ кард, аз ҷумла, иброз дошт, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон қарордошта арҷ гузоштан ба забони модарӣ, рушду нумуи он ва муаррифии волоияти забони тоҷикӣ ба ҷаҳониён ба ҳисоб меравад. Сармутахассиси АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор С.Неъматов дар мавзӯи «Суханро вазну тамкини замин бояд» маърӯза карда, зикр намуд, ки забон на танҳо воситаи муоширати инсонҳост, балки тарбиятгар, маърифатбахш, парваришдиҳандаи ҳусни гуфтору баён маҳсуб меёбад. Мавсуф афзуд, ки риояи қоидаҳои забони тоҷикӣ дар таълифи китобҳои дарсӣ хеле муҳим аст. Мутаассифона, дар китобҳои дарсии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ саҳву иштибоҳоти фаровоне ба чашм мерасад, ки нобахшиданист. Сармутахассиси АТТ, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамила Ҳакимова дар хусуси таъсири забони тоҷикӣ ба адабиёти ҷаҳон ҳарф зада, таъкид намуд, ки дар боби таъсири файзбахши забони пуробуранги тоҷикӣ адибони машҳури ҷаҳон сухан ронда, бузургию шукӯҳи ин забонро ситоиш кардаанд. Мудири шуъбаи ПРМ АТТ Шоира Холиқова аз он изҳори ташвиш намуд, ки забони садову симо хароб аст, ровиён беғалат ҳарф зада наметавонанд, тарзи дурусти талаффузи вожаҳоро намедонанд. Зумрае аз омӯзгорон дар дарсҳо бо лаҳҷа сухан мекунанд. Номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии АТТ Сайфиддин Камолзода, кормандони ПРМ Файз Гулмадов, Имомназар Давлатназаров ва Иззатулло Давлатшоев низ андешаҳои ҷолиби худро перомуни забон ва ҳусни баён изҳор доштанд.
Ш.РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр