Нашрияи Омӯзгор

Каломи модариро дӯст доред

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Забони тоҷикӣ аз куҳантарин, барҷастатарин ва бешабоҳаттарин забонҳои дунё буда,  асарҳои зиёде аз аҳди Сомониён то имрӯз бо ин забон эҷод шудаанд. Таърихи миллати мо ба ин забони зебову шево навишта шудааст. Забон  нишонаи будани миллат ва пайвандгари наслҳост. Равшан аст, ки забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо борҳо ба мушкилот дучор омадааст, аммо ин забон  он қадар бузург аст, ки ҳеҷ сиёсат асолати онро хароб  карда натавонистааст. Мисли  мо миллате ҳаст, ки забони даҳ асри пеши худро бидонад ва ба ин забони имрӯз ҳам муошират намояд. Забони мо забони илм, шеър, адабиёт, мантиқу фалсафа аст. Шеъри устод Рӯдакӣ, ки баъд аз ёздаҳ садсола асолаташонро нигоҳ доштааст, барои ҳамагон фаҳмост:

Замона панде озодвор дод

маро,

Замона, чун наку бингарӣ,

ҳама панд аст.

Муъҷизаи забони тоҷикӣ бо шириниву шевоии хеш он қадар овоза шудааст, ки Иқболи Лоҳурӣ дар “Ҷовиднома” -  аш менависад:

Одамиро дил чун гул

баршукуфт,

Бо забони Тӯсиву Хайём

гуфт:

Ин ҳама хоб аст ё афсунгарӣ?

Бар лаби Миррихиён лафзи

дарӣ.

Ман ҳамчун омӯзгор шогирдонамро таъкид менамоям, ки ҳеч гоҳ сухани носанҷида  ва қабеҳро ба забон наоранд ва бояд забони муошираташон орӣ аз ҳарфҳои бегона бошад.

Забони  модариро худ донистан аслан аз хондани китобҳои бадеӣ муяссар мешавад. Хушбахтона, соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурии мо озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷараён дорад ва ин озмун боиси он шуд, ки шогирдони мактаб бештар ба китобҳои бадеӣ рӯй оварданд.

Шоири рус Иосиф Бродский гуфтааст:”Саъдии Шерозӣ бо қудрату қуввати беназиру бепоён, бо забони ноб дар марзи дили инсонҳо тухми некӣ ва адолат киштааст ва ба ин васила худрову забонашро ҷовидон гардондааст».

Забони тоҷикӣ забони таълиму тарбия аст. Аҳли илму адаби тоҷик бо ин забони ширин доди сухан додаанд.

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро рукни асосии давлатдорӣ номида, пайваста таъкид мекунанд: “Барои он ки номи миллат аз саҳифаи таърихи башарӣ  нобуд нашавад, бояд чароғи роҳнамои худшиносию худафрӯзӣ, - забони модариро ҳифз намоем, то он ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои ояндаи мо бирасад.Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи бегазанди миллат  ва яке аз рукнҳои асосии давлатдорист”.

Ва  ман ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик таманно дорам, ки шогирдонам ҳамеша забони модариро мисли модар эҳтиром намоянд.

Забони модарӣ фархунда

доред,

Шумо, ки ворисони  рӯзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар

Даруни синаҳо ҳайкал

гузоред.

                                  

Сафаргул САИДАҲМАДОВА,

омӯзгори мактаби №3,

ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш