Нашрияи Омӯзгор

Омодагӣ бояд комил бошад

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Дар гурӯҳҳои тайёрӣ мураббиён бояд кӯдаконро аз ҷиҳати психологӣ низ ба мактаб омода намоянд. Омода намудани тарбиятгирандагон ба мактаб маънои онро дорад, ки кӯдак бояд дар бораи мактаб иттилоъ дошта бошад. Ба онҳо бояд фаҳмонд, ки шумо ҳарфҳоро мешиносед ва менависед, вале бо вуҷуди ин, мактаб талаботу қоидаҳои хоси худро дорад. Нутқи кӯдак бояд аз ҷиҳати қоидаҳои грамматикӣ дуруст шакл гирад ва ӯ аз уҳдаи ифоданок баён намудани фикраш баромада тавонад. Маълум аст, ки захираи луғавии  нутқи тарбиятгиранда дар раванди машғулиятҳои хониш, ҳисоб ва саёҳатҳои фаннӣ рушд меёбад. Ҳангоми аз ёд кардани шеъру суруд, шунидани афсонаҳои шавқовар, мақолу зарбулмасалҳо ва чистонҳо кӯдак ба калимаҳои нав, ибораю мафҳумҳо шинос шуда, онҳоро дар хотир мегирад. Дар раванди машғулияти ҳисоб бача аз амалҳои фикрӣ (муқоиса, таҳлил ва тарбия) истифода бурда, дар бораи монандӣ ва фарқияти фигураҳои геометрӣ (доира, нимдоира, секунҷа, росткунҷа) маълумоти муайян пайдо мекунад. Бояд зикр намуд, ки дар вақти шунидани афсонаҳою ҳикояҳо, тамошои барномаҳои симо, машғулияти расмкашӣ, суробсозӣ, хаёл ва фантазияи бачаҳои гурӯҳи тайёрӣ ба мактаб инкишоф меёбад. Маҳсули тахайюлоти бачаҳо дар тасвири расмҳо ва ифодаи фикрии онҳо таҷассум меёбад. Мусаллам аст, ки ба мактаб рафтану таълим  гирифтани ҳар як кӯдак барои он ки бача хуб хонад ва ба фаъолияти таълимӣ комилан тайёр бошад, зарур аст, ки ӯро дар боғчаи бачагон ва оила аз ҷиҳати психологию педагогӣ ба мактаб омода намоянд. Дар раванди машғулиятҳои таълимӣ нутқи онҳо равон мешавад. Онҳо расмкашӣ, ҳисоб, мусиқӣ, муҷассамасозӣ, тарзҳои истифодаи қаламу коғаз, миқрозу ширеш, пластилин ва гилро ёд мегиранд ва дар баробари ин, равандҳои психологии (эҳсос, идрок, хотир, тафаккур, хаёл, диққат)-и онҳо инкишоф меёбад. Дар умум, ҳамон вакт бача нақшаю барномаҳои таълимиро аз худ мекунад, ки то ба мактаб омадан ӯро аз ҷиҳати психологӣ – педагогӣ, маънавию ҷисмонӣ ва гигиенӣ ба мактаб тайёр намоем.

 

Нигина Расулова,

мудири муассисаи таҳсилоти томактабии  №156, ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш