Ҳамкасбам Нуралӣ Ҳайдарзодаро ҳамчун омӯзгор, наттоқ, марди чақчақӣ, ташкилотчии моҳир, носеҳи тавоно, зарофатгӯй ва мураббии ғамхор мешинохтам. Дар натиҷаи кунҷковиҳои зиёд дарёфтам, ки ин мардак ҳунарҳои зиёди дигар ҳам доштааст. Агар ба ин дӯстамон навбати гап расад, ба шарте ки тану ҷонаш сиҳату илҳомаш саршор бошад, баумед нашавед, ки ба шумо навбати сухан мерасад.
Сангиосиётарошӣ аз даврони қадим ҳунари волои мардуми ориётабор буд. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ дарёфтем, ки сангтарошҳо ҳоло ҳам будаанд. Мутаассифона, ин ҳунар батадриҷ завол меёбад, зеро дӯконҳоямон аз орд пуранд. Ин гуна ордҳо бо дастгоҳи механикӣ тайёр карда шудаанд. Мардум ба гандумкорӣ кам машғуланд. Шояд пас аз эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ҳунарҳои мардумӣ боз ҳунари сангиосиётарошии аҷдодӣ аз нав эҳё гардад. Орди осиёби тоҷикӣ дигар аст, дӯстон! Суҳбате доштем бо устои сангиосиётарош ва соҳиби осиёи обӣ Нуралӣ Ҳайдарзода, ки фишурдаи онро манзуратон мегардонем.
-Шунидем, ки шумо сангтароширо медонистаед, аз кӣ омӯхтед ин ҳунарро?
-Гузаштагони мо ҳама ҳунарманд буданд, ман аз бобою падарам ин ҳунарро омӯхтам. Ҳамаи ҳунарҳо нозукии худро доранд, вале сангтарошӣ боз ҳам нозуктар аст.
-Пеш аз сар кардани кор ба кадом масъала диққататонро равона мекунед?
-Аввал, сангро бояд шинохт. Барои санги осиё ҳар гуна санг ба кор намеояд. Зичии молекулавии санг ба ҳисоб гирифта мешавад. Шумо тасаввур кунед: агар санг хеле сахт набошад, ҳангоми тоб хӯрдан ва бо зерсанг соиш ёфтан аз таркибаш сангчаҳо ҷудо мешаваду орд пур аз сангреза мегардад. Мо бештар кунҷитсангро интихоб мекунем. Кунҷитро дидаед? Ранги санг ба кунҷит монанд аст.
-Сангро аз куҷо дарёфт мекунед?
-Мо одамони кӯҳистонем. Тоҷикистони мо аз ин ҷиҳат беҳамтост. Аз куҷо хоҳед, сангро дарёфт карда метавонед: ҳам аз дарё ва ҳам аз домани кӯҳу камар. Ҳаминаш хеле вазнин аст, ки санг дур аз манзил-дур аз осиё ҷой гирифтааст, яъне санги азим дар пеши хонаи корфармо нест. Овардану ҷо ба ҷо кардани он боз ҳам масъалаи мураккаб аст.
-Сангро дарёфт кардед, онро дар ҳамон санглох метарошед ё ба назди хона меоред?
-Ин вобаста ба ҳаҷми санги осиё мебошад, агар фармоишгар санги хурдтар супориш диҳад, онро ба назди хонааш оварда тарошидан мумкин аст, вале овардани санги калон бисёр мушкил аст. Беҳтараш, дар ҳамон макони санг тарошида, хеле сабуктар карда, баъд онро бо ёрии ғӯлачӯб, ки мисли меҳвар хизмат мекунад, чун ғилдираки чархи ароба ғелондан ё ба мошин бор кардан бар салоҳи кор аст. Санги тайёр аз 300 то 500 кило вазн дорад.
-Хуб, акнун ба сангтарошӣ “оғоз кунед”, мо “бинем”.
-Чун сангро интихоб кардем, муайян мекунем, ки он чанд санги доирашакл доданаш мумкин аст. Осиё бо як санг гардон намешавад. Барои он ки орди хуб гиред, як ҷуфт сангро бояд тарошид: зерсанг ва болосангро. Гандум дар байни ин ду санг орд мешавад. Агар санги интихобгардида як санг диҳад, маҷбур мешавед, ки барои санги дигари гирда санг кобед. Сангин аст кори сангтарошӣ. Хӯш, ки бошад, масоҳати сангро аввал ҳисоб мекунед ва баъд гирд ба гирди он, дар ҳар 4 ё 5 ваҷаб фона зада мебароед. Такрор мекунам, ин вобаста ба ҳаҷми санг аст. Агар шумо санги калонтар супориш диҳеду қувваи оби новаатон ба чарх занондани он нарасад, ҳамаи корҳо барабас мераванд, яъне ба кӯрпа нигариста пой бояд дароз кард, чарх задани санги осиё ба иқтидори оби нова вобаста аст.
-Ҳангоми сангтарошӣ кадом асбобро кор мефармоед?
-Асбоби асосии мо метин аст. Метин оҳани бисёр сахт мебошад, ки оҳангар гаштаву баргашта обутоб медиҳад. Бисёртар бо собуноба обутоб додани оҳан онро сахту бадошт мекунад. Агар олати сангтарошӣ сахт набошад, кор пеш намеравад. Атрофи сангро гирд ба гирд, дар ҳар 20 см бо метин сӯрох мекунем, ҳаҷми ҳар як сӯрох аз 3 то 5 см аст. Баъд “баргак” ном асбобро дар он сӯрохиҳо мегузорему аз болои он фона мезанем, баргак фонаро мустаҳкам нигоҳ медорад. Дар даврони пеш чӯби бедро ҳамчун фона истифода мебурданд, ҳозир фонаҳои оҳанин пайдо шудаанд. Дар замони колхозӣ бобоям Арбоб Ҳайдар узви артел буд. Падарам нақл мекарданд, ки дар наздикии Сурхакчашма бобоям бо рустаборе ошноӣ пайдо карда, як харсанги калонро бо дору таркондаанд. Пас он мавзеъро Кон ном ниҳодаанд, чунки мувофиқи фармоиш барои санги осиё санги биёреро таркондаанд.
Баъд фонаҳои бо баргак устуворшударо ба тариқи баробар зада рафтан санг пора мешавад, яъне як тарафи он қариб ҳамвор мегардад. Дар замони пеш атрофи санги ҳамворшударо бо хок девор намуда, баъд об мерехтанд ва аз рӯйи исти об муайян мекарданд, ки куҷойи санг баланд асту паст ва баъд бо чакуш ном асбоб ҷойи баландиро мечинданд. Ҳозир обтарозуҳои ҳархела ихтироъ шудаанд. Сангро ба дигар тараф гардонда, корро ҳамин тавр идома мебахшиданд.
-Санги осиё аз байн сӯрох дорад, оё ҳангоми сӯрох кардан он санг намекафад?
-Ҳар кор нозукии худро дорад, заргарӣ кори хеле нозук аст, аммо сангтарошӣ боз ҳам нозуктар аст, ки диққати зиёдро талаб мекунад. чашми корро бояд донист. Шитобкорӣ оқибати хуб надорад. Чи тавре ки дуредгар дар чӯб нақши зебо метарошад, бо шикебоӣ сангро сӯрох мекунем. Сангиосиётарошӣ ҳунари волост. Падари устод Айнӣ илова бар ҳунарҳои дигар ҳамин гуна ҳунар ҳам дошт.
-Худи шумо ҳам осиё доштед?
-Санги осиёро тарошида тавониву худат осиё надошта бошӣ, айб аст. Соли дуюми истиқлолият (1992) мо эҳсос кардем, ки барои мардуми маҳал эҳё намудани осиёби аҷдодӣ зарур аст. Аз ин рӯ, бо роҳбарии бародари калонӣ хоҷӣ Дӯсталӣ чанд нафар хешон ҷойи осиёби кайҳо дар зери хокмондаро кофта пайдо намудем. Бародари калонӣ муҳандис буд, вай чархро аз чӯби бед нею аз варақаҳои оҳанин тайёр намуд.Ҳамин тавр, 2 ноябри соли 1992 осиёби мо бори дигар эҳё гардида, дар солҳои вазнин ба мардум хизмат расонд.
-Кадбонуҳо “аз орди осиёби мо зуволаи оши бурида гирифта намешавад” мегӯянд, шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
-Ҳама кор ба ҳунарманд вобаста аст, тайёр кардани орд ҳам ва пухтани оши бурида ҳам. Орди гандум дар ҳама ҷо, пазанда ҷо-ҷо. Он гарди орде, ки дар гирду атрофи санги осиё мемонаду ҳаққи осиёббон аст, барои омода кардани оши бурида беҳамтост, инчунин, мо санги осиёро бо назардошти худ ҷойгир мекунем, ки дар натиҷа орди дилхоҳ ҳосил шавад. Ғози орди осиёб намесӯзад, яъне витаминаш бо худаш мемонад, зеро бо “кондитсионер”-и табиӣ таъмин аст.
-Ташаккур ба шумо, ҳунарманди мумтоз! Илоҳо, осиёбатон ҳамеша гардон бошад!
Мусоҳиб
Ҳакималӣ Назаралӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр