Нашрияи Омӯзгор

Бори каҷ хеҷ ба манзил нарасад

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Дар ҷаҳони муосир падидаҳое чун терроризму экстремизм ҷомеаи тамаддунпарвару сулҳофаринро сахт ба ташвишу изтироб овардааст.

Амалиёт, мафкура ва андешаҳое, ки ба қонуну қоидаҳои ҷамъият созгор нестанд ва амнияти мардумро халалдор мекунанду ба шукуфоию ваҳдати халқҳои олам монеа мешаванд, бо терроризму экстремизм ҳамбастагию иртибот доранд.

Экстремизм ҳамчун омили хатарзову манфур фаъолияти ғайриқонуниву ифротгароёнаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ бо ҳадафи бамиёнории нооромӣ, тағйирбахшии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, барангехтани афкори нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии мазҳабӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ба ибораи дигар, экстремизм чун тамоюл, фишороварӣ ва таҳдидҳои хусусиёти сиёсидошта тавсиф бахшида мешавад. Экстремизм ҳуқуқу озодиҳои инсонҳоро поймол намуда, ба ваҳдату яклухтию бехатарии давлатҳо халал ворид месозад. Ҳамчунин, кирдорҳои манҳусе, чун бетартибиҳои манфиатҷӯёнаи оммавӣ, ҳаракату амалиёти авбошӣ, бадбинии динӣ, нажодӣ ва миллӣ нисбат ба гурӯҳи иҷтимоии дигар, маблағгузории омоли мухолифатбору фитнаангез ба экстремизм хос мебошанд. Чунончи, экстремизми динӣ дар доираи дини мубини ислом низ мавҷуд буда (ба касрати гурӯҳе аз тундгароёну кинаварон), ҳама ҷо ҳадафи асосиаш барпо намудани хилофат – системаи идоракунӣ дар ислом аст. Аслан, барангехтани низоъ ва ихтилофот, ташкили ошӯбҳои мусаллаҳона ва хунрезӣ, даҳшатафканию зӯроварӣ, ки ба экстремизм хос аст, ҳеҷ алоқамандие бо дини ислом надорад. Дини ислом мафкураи пок, тоату ибодати холисона ва василаи дӯстию бародарию осоиштагӣ аст, на оини давлатдорию ғасби ҳокимият. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» қабул шудааст, ки дар он масъалаи мазкур ба таври возеҳу саҳеҳ баррасӣ гардидааст.

Терроризм низ дар арсаи ҷаҳон падидаи дерин ва хеле пурзиён мебошад. Он ҳодисаи иҷтимоию сиёсӣ буда, заминаашро зиддиятҳои дорои ҷанбаи ифротгароёна ташкил медиҳанд. Терроризм муборизаи беадолатонаю манфиатҷӯёнаи сиёсиест, ки дар меҳвараш тахрибкорию мардумситезӣ ва даҳшатафканӣ қарор дорад. Маълум, ки ҳеҷ ҷомеае берун аз баъзе нобаробарию нокомиҳо буда наметавонад. Террористон хеле маккору таҷрибадидаю бетараҳҳуманд ва аз камбизоатӣ, беадолатӣ, камбағалӣ ва чанде аз ноқисиҳо дар ин ё он кишвар моҳиронаю ҳадафмандона истифода мебаранду ба ин васила худро хайрхоҳи мардум, адолатпарвару ҳақиқатҷӯ вонамуд карданӣ мешаванд. Баъзе аз одамон, махсусан, ҷавонон фирефтаи гуфтору ҳидоятҳои зоҳиран мақбулу аслан пурмакру фитнаи террористон шуда, бо онҳо гаравиш пайдо мекунанд, узви дастаҳои ифротӣ мегарданд, ки ин, пеш аз ҳама, аз бетаҷрибагию кӯтоҳандешист. Албатта, ҳеҷ одаме аз модар террорист таваллуд намешавад ва маҳз муҳити носозгор ба ӯ таъсир расонда, ба каҷрафторӣ моил менамояд. Аксаран ин қабил одамон, пасонтар аз карда пушаймон мешаванд ва ба маҷрои дурусти зиндагӣ бармегарданд, вале беҳтар он аст, ки ҳеҷ гоҳ алоқае бо амали ноҷову кирдори тахрибкорона надошта бошӣ, росткору бедоғ бимонӣ.

Дар Тоҷикистони азизи мо ҳам аз ҷониби давлату ҳукумат ва ҳам аз ҷониби ҷомеаи васеи шаҳрвандӣ терроризму экстремизм сахт маҳкум карда мешаванд. Аҳли таълиму тарбия низ бар он мекӯшанд, ки насли наврасро аз ин падидаҳои номатлуб ва амалиёту идеологияи пурғаразу ифротгароёнаи онҳо огоҳ созанд ва созандагони фардои Ватанро ба бунёдкорию дӯстию ваҳдат, ба ватанпарастию садоқатмандӣ даъват намоянд, ҳушдор диҳанд, ки «бори каҷ ҳеҷ ба манзил нарасад» ва зиндагии осоишта барои ҳар давлату миллат бузургтарин неъмат аст.

 

Мунира РАҶАБОВА,

омӯзгори мактаби №65-и

ноҳияи Шоҳмансур,

Аълочии маориф ва

илми ҶТ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш