Нашрияи Омӯзгор

Анҷумани Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 820        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаи гузашта дар толори консертии Донишгоҳи давлатии Олтойи Барнаул Форуми IV байналмилалии таҳсилотии «Олтой — Осиё 2020: Фазои таълими Авруосиё – чолишҳои нав ва таҷрибаҳои пешқадам» баргузор гардид.

Зиёда аз 700 нафар намояндаи минтақаҳои гуногуни Россия ва 15 кишвари хориҷи наздику дур ба ҳайси иштирокчии форуми «Олтой – Осиё 2020» сабти ном шуданд. Чунин теъдоди ширкаткунандагон тавассути формати нави форум — фосилавӣ имконпазир гардид. Пахши мустақими форум, сабти кори майдонҳову намоиши чорабиниҳо, ки дар доираи «Олтой – Осиё 2020» ташкил шудаанд, тавассути шабакаи YouTube сурат гирифта, имкон дод, шумораи иштирокчиён ба якчанд ҳазор нафар расад.

Форум, ки аз соли 2012 инҷониб дар донишгоҳи пешсафи кишвари Олтой ташкил карда мешавад, яке аз миқёситарин чорабинӣ дар Федератсияи Россия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар рушди бозори ҷаҳонии таҳсилот, илм, инноватсия ва ҳамкории байналмилалии фаросарҳадӣ мебошад.

Иштирокчиёни Форуми IV байналмилалии таҳсилотиро, ки 87 шаҳри дунёро намояндагӣ мекунанд, вазири маориф ва илми кишвари Олтой Максим Костенко, ректори Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв Эрлан Сидиков тариқи онлайн шодбош гуфтанд ва паёми шодбошии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва омӯзгории Федератсияи Россия Муҳаммадюсуф Имомзода ироа гардид.

Ноиби президенти АДО, президенти Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Землюков анҷуманро ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки имрӯз 76 донишгоҳ аз 9 кишвари ҷаҳон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошанд. Барои иштирок дар Анҷумани IV Ассотсиатсия, ки бори аввал онлайнӣ ташкил шудааст, 129 вакил аз 55 донишгоҳи АДО аз ҳафт кишвар сабти ном шуданд ва онҳо бо президиуми анҷуман тавассути видеоконфронс тамос доштанд.

Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва омӯзгории Федератсияи Россия Муҳаммадюсуф Имомзода зимни паёми шодбошӣ ба вакилони анҷуман, ба созмондиҳандагони чорабинӣ барои ташкили форум, ки новобаста аз вазъи мураккаби эпидемиологии ҷаҳон вобаста ба пандемияи коронавирус ташкил шудааст, изҳори сипос кард.

Мавзӯи асосии анҷуман натиҷагирии фаъолияти ташкилот, ҳамоҳангсозии самтҳои асосии фаъолият ва муайян намудани стратегияи рушди Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ҳамчун платформаи ҳамкории шабакавии донишгоҳҳои пешрафтаи фазои илмӣ ва таълимии Осиё буд. Чун анъана, дар доираи анҷумани АДО дархостҳо баррасӣ шуда, 28 донишгоҳи дигар аз Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ҳайати Ассотсиатсия пазируфта шуданд.

Тибқи низомнома, барои давраи ду соли ояндаи президенти нави Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихобот баргузор шуд. Ректори Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин Канат Содиқов президенти нав интихоб гардид. Ҳамчунин, 6 ноиби президенти ташкилот низ интихоб шуданд. Дар байни онҳо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода низ ҳаст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш