Нашрияи Омӯзгор

Илму дониш - заминаи асосии инкишофи давлат

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Қайд кардан ба маврид аст, ки тайи чанд соли охир маҳз бо ташаббус ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша баҳри ободии кишвар бештар камари ҳиммат мебанданд, ки ин нишонаи хиради волои фарзандони банангу номуси миллат мебошад. Президенти кишвар дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷумҳурӣ, ки ба саноатикунонии босуръати кишвар равона гардидааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зарурияти омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносиву риёзӣ ва дақиқро дар мадди аввал гузоштанд.

Дар ин замина тамоми сохторҳои илму маориф, умуман, муассисаҳои иҷтимоии кишвар барои тақвияти ҷаҳонбинӣ ва мафкураи техникии насли наврас вазифадор гардиданд.

Рушди тафаккури техникии аҳолӣ, алалхусус, наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани фазои мусоид барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ мақсади асосии давлат арзёбӣ мегардад.

Дар суханронии хеш дар Рӯзи дониш Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузоштаи Давлату Ҳукумат ва татбиқи саривақтии онҳо аз қабул ва амалӣ гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳои давлатӣ, барнома ва нақшаҳои дарозмуддати давлат ёдовар гаштанд.

Бо ин мақсад моҳи июли соли ҷорӣ қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020-2040” қабул гардид.

Дар ин раванд, ҷиҳати амалӣ гаштани қарори болозикр таҳияи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷаҳони муосир яке аз сабабҳои рушду тарақии илму маориф ва технологияҳо сармоягузории ин соҳаҳо ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат ба соҳаҳои зикргардида таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҳамасола маблағгузории онро меафзояд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш дар Рӯзи дониш қайд намуд «Агар омили асосии рушди илму маориф маблағгузории он маҳсуб шавад, пас, ҳоло маблағгузории соҳаи маорифи Тоҷикистон ба кишварҳои дар ин самт пешқадам дар як саф қарор дорад». Дар соли 2020 барои соҳаи маориф зиёда аз 5 миллиарду 600 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он 19,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Рӯзи донишро бо муҳимтарин қимати маънавии ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистон - Сулҳ арзёбӣ намуда, аз раванди мураккаби дастёб гардидани миллат ба ин неъмат низ ёдоварӣ мешавад.

Дарси сулҳ дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистон мебошад. Миллати тоҷик аз қадим соҳиби илм, мактаб ва маорифи пешқадам буданд, ки ҷаҳониёнро бо ин тасхир намудаанд.

Аз ҷониби Пешвои миллат тарҳрезӣ шудани таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон як дастоварди муҳимми таърихи муосири халқи тоҷик арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат тамоми қишрҳои ҷомеа, алалхусус, ҷавонону наврасонро ба шинохти воқеии мафҳуми ваҳдат ва сабақҳои ҷаҳонии он даъват менамоянд.

Муҳимтарин ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин самт, ишора ба рисолати омӯзгорон ва падару модарони арҷманди кишвар буданд. Вобаста ба рисолати мазкур зикр карда шуд, ки “... ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд” .

Масъалаи арҷ гузоштан ба арзиши суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат, мактабу маориф ва илму фан яке аз бахшҳои муҳими суханрониро дар Рӯзи дониш ташкил дода, Пешвои миллат дар ин замина иброз доштанд, ки “... мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд. Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд. Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст” .

Паҳлуи дигари суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ироа гардид, таҳлили вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, хатари терроризм, ифротгароии динӣ дар ҷомеаи имрӯза ва таъсири манфии чунин падидаҳои номатлуби ҷомеа ба мафкураи наврасону ҷавонон мебошад.

Воқеан, имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи кишвар ва умеди фардои дурахшони давлату миллат эътироф шудаанд, ки албатта, чунин таваҷҷуҳ аз ҷавонон масъулиятшиносиро талаб менамояд. Имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолии мамлакатамонро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд.

Тавре огоҳ ҳастем, аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ оғоз карда, то ба ҳол Пешвои миллат нисбат ба масъалаи наврасону ҷавонон, алалхусус, тарбияи онҳо дар рӯҳияи шинохти арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ як қатор қонун, барномаҳои сатҳи давлатӣ, стратегияҳо, консепсияҳо ва дигар барномаҳои соҳавӣ кабул гардиданд, ки онҳо сарчашмаи ҳуқуқӣ оид ба дастгирӣ ва мақоми ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз наврасону ҷавонони мо зери сиёсати созандаи Президенти кишвар атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд, ки ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон аст.

Сохта ба истифода додани муассисаҳои таълимии замонавӣ, мактабҳои Президентӣ, таъсиси литсейҳои соҳавӣ, гимназияҳо, муассисаҳои томактабӣ, квотаҳои президентӣ барои духтарону писарон, ҷудо намудани навъҳои гуногуни стипендияҳо ва баланд бардоштани маоши кормандони соҳа аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба рушди илму маориф мусоидат мекунад.

Дар шароити муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба таҳсил, касбу кор ва варзиш ҷалб намудани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонони кишвар бояд ба яке аз самтҳои асосии касбу кори мо табдил ёбанд.

Бояд қайд намуд, ки дар замони бархӯрди манфиатҳои миллӣ ва байнидавлатӣ ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, барои ҳама қишрҳои ҷомеа, алалхусус, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд, аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад. Тадбирҳои андешидашуда, пеш аз ҳама, ба хотири боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди таълиму тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва шинохти таъриху фарҳанги пурғановати миллӣ мебошад.

 

Р. Раҳимзода,

доктори илмҳои ҳуқуқ,

ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш