Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода аз рӯи нақшаи баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар маркази ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласа доир гардид. Аз ҷониби Абдуҷаббор Раҳмонзода макони баргузории шаҳру ноҳияҳо, ҳайати ҳакамон ва санаи он муайян гардид.
Муайян карда шуд, ки озмуни мазкур аз 5 то 10 октябр дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, аз 12 то 15 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз 21 то 25 октябр дар шаҳри Душанбе ва аз 21 то 25 октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор) баргузор мегардад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода даъват ба амал овард, ки дар ин даври озмун беҳтарин оҳангсозон, сарояндагон ва навозандагон интихоб карда шаванд.
Иштирокчиёни ҷаласа замон ва макони баргузории даври дуюми озмунро муайян намуданд.
Мавриди зикр аст, ки озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.
Маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр