Дар ҳар ҷомеаи мутамаддин маориф мавқеи меҳварию калидӣ дорад ва аслан, маҳз ҳамин соҳа боиси рушд ёфтани кишвар ва рӯ ба тамаддун овардани он мешавад. Мисраи машҳури «Ватан аз ҳиммати аҳли маориф мешавад обод» иртибот ба ҳамин маънӣ дорад.
Дар Тоҷикистони маҳбуби мо аз нахустсолҳои истиқлол ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гашт, ки ин ҳамбаста ба хиради сиёсӣ, тафаккури миллӣ ва нигоҳи ояндабини Сарвари тозаинтихоби ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳанӯз дар соли 1993, ки мамлакат дар миёни обу оташ – мухолифатҳои шадиди дохилӣ қарор дошт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таҳия ва қабул гардид, ки ин худ далели хеле ҷолиб ва камназир дар умури давлатдорист. Минбаъд дар дарозои наздик ба сӣ сол дар кишвари хуршедии мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат соҳаи маориф марҳила ба марҳила рушду такомул ёфт ва дар ин соҳа ислоҳоти фарогир роҳандозӣ шуду дар доираи он корҳои зиёди манфиатбору самаровар анҷом дода шуданд. Имрӯз низ вусъатбахшӣ ба соҳаи маориф бомарому муваффақона идома дорад. Оид ба корномаи Сарвари кишвар дар соҳаи маориф мақолаву рисолаву китобҳои зиёде ба нашр расидаву дастраси ҳамагон гардидаанд. Ҳамакнун ин силсила боз бо як китоби тозанашри дигар, ки «Ватан, маърифат, Пешвои миллат» ном гирифтаасту ба қалами омӯзгор ва пажӯҳишгари варзида Ҳасан Ҷӯраев мутааллиқ мебошад, комилтар гардид. Вобаста ба номи китоб муаллиф дар хотимаи он чунин нигоштааст: «Ватан, маърифат, Пешвои миллат» ном ниҳодан ба ин китоб аз он назар аст, ки Ватан оғозгоҳи ҳаёти ҳар инсон буда, шинохт ва маърифати он аз мо хираду маорифи фароху густурдаро тақозо медорад, ки ин муҳимият дар андешаву оро ва таълифоти Пешвои муаззами миллат ба таври равшану возеҳ инъикос ёфтааст. Шояд ин ангезаи амри заруратро тавассути гунҷоиши зеҳнии хеш бо баҳрабардорӣ ва бардошт аз афкори омӯзандаи Сарвари таърихнигори миллат дарёфтаам ва то ҳадди имкон аз ин омӯзаҳо андӯхтаҳоямро рӯи сафҳа овардаам». Муҳтавои китоб бозгӯи он аст, ки муаллиф мавзӯи пажӯҳишу андешаашро бавусъату жарф омӯхтаасту манобеи фаровони дахлдорро варақгардон кардааст ва бардоштҳояшро неку ба мизони андеша баркашидааст. Китоб бо навиштаҳо перомуни умдатарин масъалаҳои таълиму тарбия дар даврони истиқлол ва таъкиду тавзеҳи нақши Президенти ҷумҳурӣ дар ин самт (боби аввал) оғоз ёфтааст. Зикр шуда, ки «Роҳбари Тоҷикистон аз нахустин солҳои фаъолияташ ислоҳи куллии омӯзишу парвариш, таҷдиди мактаби миёнаву олиро аз ниёзҳои аслии миллат шинохта, дар ин замина ислоҳоти тадриҷӣ ва босамарро ба роҳ андохт». Дар ин ҷода кор аз такмили сатҳи тафаккуру андешаи миллии алоқамандони соҳа, таҷдиди низом ва муҳтавои омӯзишу парвариш, эҳёи афкори педагогии ниёгон, омӯзиш ва корбасти таҷрибаи муфид, табъу нашри китобҳои навини дарсӣ, дастурҳои таълимию тарбиявӣ бознигарии мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, ба фаъолият ва эҷодкории густурда ҳидоят намудани омӯзгорон… оғоз ёфта, минбаъд бунёди таълимгоҳҳои нав, таъмини мактабҳо бо компютерҳо, муҷаҳҳазсозии дабистонҳо ва оростани дарсгоҳҳои фаннӣ… авҷ гирифтанд ва ҳамин тавр, соҳаи маориф, ки аз ҷониби Пешвои миллат афзалиятнок эълон шудааст, хеле пеш рафт ва тағйироти куллӣ пазируфт. Ба вижа, ба ҳадафҳои миллии таълиму тарбия диққати ҳамешагӣ зоҳир гардид. Мактаби миллӣ ҷузъи муҳими давлати миллӣ эътироф мешавад. Барои амалӣ намудани ормонҳои миллӣ хусусияти илмӣ доштани ҷараёни таълиму тарбия бағоят муҳим аст. Дар ин замина дар Тоҷикистон бо ибтикори Президенти ҷумҳурӣ Консепсияи мактаби миллӣ тарҳрезӣ ва қабул гардид, ки ин санади муҳим асоси таълим ва тарбияро дар кулли муассисаҳои таҳсилоти кишвар муайян менамояд. Ватандӯстӣ ва инсонгароӣ дар меҳвари ин консепсия қарор дорад.
Муаллифи китоби «Ватан, маърифат, Пешвои миллат» чунин тавзеҳ меоварад, ки «таълим ва тарбияти инсонгаро инсонро, пеш аз ҳама, ба роҳи одамият ҳидоят карда, худи ӯ ва ҷомеаро низ аз бисёр бадбахтиҳои эҳтимолӣ наҷот мебахшад… Чунин усули таълим ва тарбият дар ташаккули инсони комил, миллатдӯсту ватанпараст ва башардӯст нақши бориз дорад». Бо овардани иқтибосҳои маънирез аз гуфтаҳои Сарвари кишвар дар китоб таъкид бар он мешавад, ки дар ҷомеа инсони соҳибхираду хушахлоқ ва фаъол нақши бориз дорад ва шукуфоии имрӯзу фардои Ватан аз ҳамин гуна инсонҳо, ки шиорашон созандагиву накукорист, вобастагӣ дорад.
Ҳар инсони озода дар сурате ба Ватан, ба халқу миллати хеш хидмати шоиста карда метавонад, ки ифтихори миллӣ дошта бошад, кишварашро, дирӯзу имрӯзи онро неку бидонад ва тухми умеди қавӣ нисбат ба фардои мунаввари Ватан дар мазрааи дил бипошад. Ифтихори миллӣ арҷгузорӣ ба таърихи миллат, фарҳангу тамаддун, иқтисодиёту иҷтимоиёти он мебошад. Агар омӯзишу парвариш ба ифтихори миллӣ пайванд надошта бошад, ноқису номуассир хоҳад буд. Ба ифодаи муаллифи китоб, «агар таҳсил, таълим ва парвариш фарҳанги миллатро таҷассум накунад, ба рифоҳи иҷтимоӣ ва пешрафти миллат мусоидат нахоҳад кард». Суханони Пешвои миллат дар тарбияи ватандӯстию ифтихори миллии насли наврас хеле ҳадафгиру муассиранд ва падарона гуфта шудаанду барои дарёфти ормони миллӣ (идеал) ба хонандагон мусоидат мекунанд. Дар поёни боби дуюми китоб, ки ба масъалаи мазкур бахшида шудааст, гуфтаҳои зерро ба гунаи хулоса метавон пазируфт: «Дар парвариши ифтихори миллӣ ва ватандорӣ идеал ва интихоби он нақши созанда дорад. Сарвари давлат дар суханрониҳо ва рисолаҳояш сарнавишти ибратангези таърихи халқ ва чеҳраҳои таърихию фарҳангиро чун идеали созанда, ормони ояндасоз намуна интихоб намуд, ки аз ибтидои таърихи қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон то рӯзгорҳои баъд ва замони моро дар бар мегирад. Бе интихоб ва дарки моҳияти идеал дар масъалаи парвариши ифтихори миллӣ ва ватандорӣ ба натиҷаи дилхоҳ расидан муҳол аст». Афкору мулоҳизоти пурдалелу судманди муаллиф, ки дар бобҳои якуму дуюм ифода гардидаанд, дар боби сеюм, ки фарогири андешаҳо перомуни китоби арзишманди Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих» мебошад, вусъати бештаре дарёфтаанду муҳтавомандтар шудаанд. Пажӯҳишгари истеъдодманд ва даррок асари мазкури Сарвари кишварро бо диққати том мутолиа карда, ба натиҷае расидааст, ки «ин китоб аз нигоҳи таърихӣ, мантиқӣ ва усули ҷадиди таҳқиқ эҷод шуда, баъд аз «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дуюмин китоби таърихист, ки сабақҳои таърихии гузаштагонро пешорӯи мо зинда гардонида, муттасил аз сарнавишти шахсиятҳои таърихӣ, илмию адабӣ, шоҳону қаҳрамонон, дину оин ва фарҳанги ғановатманди пешиниён ба насли имрӯзу фардо дарси хештандориву ватанхоҳиро илқо мекунад».
Китоби «Ватан, маърифат, Пешвои миллат», ки аз 24 ҷузъи чопӣ (наздик ба 400 саҳ.) иборат буда, дар чопхонаи «ЭР-граф» бо сифати баланд ба нашр расидааст, воқеан ҳам, сухани нав дар боби тавзеҳу ташреҳи нақши Сарвари кишвар вобаста ба марҳилаҳо, махсусиятҳо ва ҷанбаҳои гуногуни соҳаи маориф, баррасии омӯзаҳои Пешвои миллат оид ба тақвияти таълиму тарбия, ифтихори миллию ватандорӣ мебошад. Ҳар хонандаи ҳушманди ин китоб, бешубҳа, ба қазовати зерини доктори илмҳои филологӣ Ширин Исматуллозода (муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар оғози китоб омадааст, ҳамовоз хоҳад шуд: «Баррасиҳо ва таҳқиқоти номзади илмҳои педагогӣ Ҳасан Ҷӯраев қобили тааммули хос буда, ин рисолаи ҷомеъ ва таҳқиқоти муфассалу густурда ва дар айни замон, мушаххасу пажӯҳишӣ аз забону баёни шевову фасеҳ ва арзиши баланди илмӣ бархурдор мебошад ва аз огоҳиву маълумоти саршори муаллиф дар ин замина гувоҳӣ медиҳад. Китоби «Ватан, маърифат, Пешвои миллат» барои алоқамандон ва пажӯҳишгарони соҳаи маорифи кишвар судманд буда, дар таҳкими назарияи таҳқиқу баррасии масъалаҳои низоми маориф ва нақшу мақоми дидгоҳҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ислоҳу таҷдиди он муфид хоҳад буд».
Абдурауф Муродӣ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр