Нашрияи Омӯзгор

Аккредитатсияи байналмилалӣ ва сифати таълим

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 807        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию методӣ таҳти унвони «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» баргузор гардид. Ҳамоиши байналмилалӣ дар реҷаи «онлайн» доир гардида, дар ҷараёни он олимону донишмандон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, ҳамчунин, намояндагони марказҳои илмӣ ширкат варзиданд.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов конфронси байналмилалиро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ ва мавзӯи ҳамоишро заруриву саривақтӣ арзёбӣ кард.

Роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе Иванов Иван Сергеевич вобаста ба ҳамоиши байналмилалии илмӣ-методӣ таҳти унвони «Аккредитатсияи байналмилалӣ – омили баланд бардоштани сифати таълим» иҳзори назар кард.

Дар идомаи ҳамоиш Диана Фрайбергер, роҳбари Фонди аккредитатсияи барномаҳои байналмилалии бизнес-маъмуриятчигӣ (FIBAA) аз Олмон таҳти унвони «Аккредитатсияи байналмилалӣ дар минтақаи Авруосиё: равишҳо ва дурнамо», Жумагулова Алина Бакитжановна-директори Агентии мустақили Аккредитатсия ва рейтинг, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавзӯи “Аккредитатсияи байналмилалӣ дар Осиёи Миёна”, Пономарёв Максим Александрович, декани факултаи менеҷмент, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г.В. Плеханов дар мавзӯи “Манфиатҳои аккредитатсияи байналмилалӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳангоми воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ”, Даврон Бобоҷонов дар мавзӯи “Бо кор таъминкунӣ - нишондиҳандаи муҳими сифати таҳсилоти олӣ” маърӯза намуданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш