Нашрияи Омӯзгор

Хонанда – меҳварсози машғулиятҳо

Сана: 2018-07-12        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

Низоми таълими салоҳиятнок, низомест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ равона мешавад. Бинобар ин, ҳар як омӯзгори мактаби мо кӯшиш менамояд, ки дарсҳои худро бо низоми нави таълим ташкил намояд.

Низоми таълими салоҳиятнокӣ ба саволҳои «Хонанда чӣ кор карда метавонад? Хонанда кадом амалҳоро иҷро карда метавонад?» бояд ҷавобгӯ бошад. Ба тарзи навишти нақшаҳои тавзеҳӣ низ дигаргуниҳо дохил карда шудааст. Дар низоми таълими салоҳиятнокӣ мақсади ҳар як дарс муаррифӣ карда шуда, он ҳама дар охири дарс арзёбӣ карда мешавад. Дар ин низоми таълим хонандагон бештар фаъолият нишон медиҳанд. Ба  хонандагон корҳои дунафарӣ,гурӯҳӣ, бозиҳои гуногунӣ таълимӣ ташкил мекунем, то ки қобилияту истеъдоди шогирдонро инкишоф диҳем.

Омӯзгорони мо кӯшиш менамоянд, дарсҳои худро шавқовару пурмазмун гузаронанд. Дар дарсҳояшон аз намунаи супоришҳои тестӣ: интихоби ҷавоб, дуруст ё нодуруст, мувофиқгузорӣ ва аз усулҳои хӯша, диаграммаи Венн, кластер ва ғайраҳо истифода мебаранд. Махсусан, муаллимони пешқадами мо З.Қодирова, Г.Ғафурова, Р.Бобоҷонова, Г.Дадоҷонова ва Н.Комилова дар дарсҳои худ низоми нави таълимро дуруст ба роҳ мондаанд. Хурсандона, ба мақсади расонидани ёрии ҳаматарафаи методӣ барои гузариш ба низоми салоҳиянокӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор маводи таълимию методиро барои мо, омӯзгорон, ҳамчун василаи ёрирасон омода ва пешкаш намудааст, ки бо ёрии он машғулиятҳоро дар сатҳи баланд роҳандозӣ менамоем.

 

Машҳура Юсупова,

омӯзгори гимназияи №1-и

ш.Конибодом               


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш