Нашрияи Омӯзгор

Интихобот - ташаккулдиҳандаи иродаи ҷавонон

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хониши сиёсӣ таҳти унвони «Интихобот - ташаккулдиҳандаи иродаи ҷавонон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва донишҷӯёни фаъол аз факултаҳои донишгоҳ ширкат варзиданд.

Зикр гардид, ки интихобот нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд буда, иштироки фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар раванди баргузории он нишонаи олии соҳибихтиёрӣ ва дорои маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар мебошад. Ҳамчунин, қайд гардид, ки ҷавонон, ки қисми бештари аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, бояд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзанд.

Дар идомаи чорабинӣ масъалаҳои баланд бардоштани дониши сиёсию ҳуқуқӣ, нақши ҷавонон дар маъракаҳои сиёсӣ, аз ҷумла, интихобот, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирӣ ва муқовимат бо экстремизм ва терроризм, истифодаи босамари шабакаҳои иҷтимоӣ ва эмин будан аз хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ ва фаҳмондадиҳӣ қарор дода шуданд.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш