Нашрияи Омӯзгор

Заминасози рушди фардои кишвар

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷониби  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, вобаста ба  таҳаввулоте, ки солҳои охир дар мамлакат ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дарназардошти дурнамои ҳафт соли оянда (2021-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла, таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.

Ба илму дониш фаро гирифтан ва дар рӯҳияи   шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дунёи пурғановати маънавӣ, фикру ҷисми солим, ватандӯст, риоягари қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаву сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва  эҷодкор  тарбия намудани  ҳар шаҳрванди  Тоҷикистон ҳадафи  аслии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 Вобаста ба нишондоди Президенти мамлакат, ҳамагуна дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва ихтироот, ки тавассути ақли инсонӣ  сурат мегиранд,  аз мактабу маориф ва низоми дурусти таълиму тарбия  маншаъ  мегирад. Аҳли маорифи кишварро  мебояд бо ифтихори ватандорӣ ҷиҳати ноил шудан  ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ ҷаҳду талош намуда,  дар  тарбияи шахсиятҳои наҷиб, эҷодкору навовар дастёб  гарданд.

Дар ҳама давру замон, новобаста ба сохти давлат, бани башар ҳамеша ба илму маориф ниёзманд будааст ва бузургони ҳама қавму миллатҳо барои боло бурдани ин соҳаи саодатовар кӯшидаанд. Сарвари давлат дар радифи ҳалли масоили таъхирнопазири ҳаёти давлатӣ  бо омӯзиши амиқи  таҷрибаи ҷаҳонии шаклҳои гуногуни давлатдорӣ, низомҳои мавҷудаи сиёсию иқтисодӣ, арзишҳои тамаддуни миллию умумибашарӣ ва муқоисаи онҳо,  усули хоси давлатдории миллиро  ба роҳ монданд. Президенти мамлакат бо дарки ин ҳақиқат, ки ташаккули давлат ва рушди босуботи он бе инкишофи маориф имконнопазир аст, идеяи пешбурд ва рушди маорифро ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта, роҳҳои тараққиёти онро барои давлатдорӣ тарҳрезӣ намуданд. Ба ин васила маорифро  омили муҳимтарини рушд ва пешрафти  давлату миллат номиданд. Дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи маориф  чунин баён шудааст: “Бо дарназардошти он, ки илму маориф рушди муттасили ҳар як кишварро таъмин мекунад, мо дар ин самт амалӣ намудани тадбирҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

- таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудан ба соҳаҳои илму маориф, идома бахшидани ислоҳот дар ин самт, давра ба давра зиёд намудани маоши кормандон ва таҳкими пояҳои моддиву техникии онҳо, аз ҷумла, таъминот бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;

- баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди таҳсилот;

-  амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Барномаи рушд ва омӯзиши илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 -2040 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- такмил додани низоми таҳсилоти муттасил, фосилавӣ ва фарогир ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати касбу ҳунаромӯзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон;

- фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ барои фароҳам овардани шароити баробари дастрасӣ ба рушди зеҳнии кӯдакон дар деҳоти кишвар;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дар ҷомеа баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии онҳо;

- амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ доир ба рушди сармояи инсонӣ, тавсеа бахшидан ба имкониятҳои зеҳнии кишвар ва навсозии низоми идораи тамоми зинаҳои таҳсилот дар шароити замони муосир;

- таъмин намудани робитаи илм бо истеҳсолот ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои самарабахш миёни муассисаҳои илмиву таълимӣ ва ширкату корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ;

- муайян кардани самтҳо ва равияҳои афзалиятноки илм, таҳким бахшидан ба заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмиву таҳқиқотии муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар;

- таҳия ва татбиқ намудани “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технологияҳо ва инноватсия барои давраи то соли 2030”;

- тавсеа додани ҳамкориҳои илмӣ доир ба масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ ва масъалаҳои марбут ба об дар сайёра;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ҳавасмандгардонии ихтироъкорӣ ва навоварӣ.

Мо, кормандони маориф, бояд ба ин ғамхориҳои беназир ба таври сазовор ҷавоб гӯем, таълиму тарбияи фарзандони халқро ба таври шоиста ба роҳ монем.

 

Султонмурод Туронов,

муовини директори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш