Нашрияи Омӯзгор

Сипос ба хирадгустарон

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 774        Шарҳ: 0

 

Бо мақсади қадрдонӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии устодону омӯзгорон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии тантанавии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид.

 Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ табрикоти муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки омӯзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси ободии ҷомеа буда, маҳз омӯзгор ба инсон зиндагӣ кардан, дӯст доштан, эҳёгарӣ, эҷодкорӣ ва шинохти оламу одамро меомӯзонад. Омӯзгорон раҳнамои соҳибмаърифати аҳли ҷомеа буда, тарғибгари бунёдкориву созандагӣ ба шумор мераванд.

Дар чорабинӣ ба 120 нафар омӯзгори фаъол ва 25 нафар собиқадори соҳа туҳфаҳои хотиравии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим гардид.

Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш