Нашрияи Омӯзгор

Омӯзгор раҳнамои ҳамагон аст

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 809        Шарҳ: 0

 

Муаллимро метавонем ба равшангари ҳаёт ташбеҳ диҳем, нуре бигӯем, ки ба чашмони шогирдонаш равшанӣ мебахшад, оламро мунаввару дурахшон ва мушкили ҳамаро осон мегардонад. Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдон маҳз ба омӯзгорон вобастагӣ дорад. Муаллим, ба қавли бузургон, муҳандиси рӯҳи инсон аст. Муаллимро оинаи халқ низ метавон гуфт, оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд.

Дар татбиқи ҳар амали хайру савоб нақши омӯзгорон басо бузург аст, чунки онҳо мураббӣ ва ҳидоятгари роҳи ростинанд.

Ба ибораи дигар, омӯзгорон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш мебошанд. Дар тарбияи насли худогоҳу худшинос мактабу муаллим нақши муҳим доранд ва онҳо, воқеан, ганҷинаи маънавии халқамон ба ҳисоб мераванд. Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаёташ ҳикматеро ба касе омӯзад. Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз заҳматҳои устодони хеш бохабар бошанд, онҳоро қадршиносӣ карда тавонанд, зеро бе заҳмати устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Шахсияте, ки дар зиндагии хеш ҳунари волои худро ба касе наомӯзонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст.

Фаъолияти омӯзгор асосан аз ду самт ё ҷанбаи муҳим иборат аст: таълим ва тарбия. Ин ду самт ба ҳамдигар пайванди қавӣ доранд ва якеро бе дигаре наметавон тасаввур кард. Омӯзгори асил бояд ин пайвастагиҳоро ҳамеша дар мадди назар дошта бошад.

Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чи омӯхтааст ба дигарон меомӯзонаду таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба расида наметавонад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор будаанду ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд. Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон мунтазам боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоро маҳбубтарин шахси ҷомеа донистаанд. Сарвари кишварамон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ба мактабу маориф ва ба ҳаёту фаъолияти омӯзгорон доранд ва ба ҳукми анъана зимни тамоми сафарҳои хеш ба манотиқи гуногуни мамлакат, пеш аз ҳама, бо омӯзгорон суҳбату вохӯриҳо, мулоқотҳо меороянд, арзу ниёзашонро бо диққати тамом мешунаванд ва онҳоро дастгирӣ менамоянд. Заҳмати омӯзгор дар назди давлат эътибори бузург дорад. Солҳои охир омӯзгорони таълимгоҳҳои кишвар дар ҷодаи такмили сатҳи саводнокии шогирдон, таҳрири тозаи барномаҳои таълими фанҳо, таҳияи китобҳои дарсии бозгӯи талаботи замон, корбасти усулҳои фаъоли таълим, истифодаи ҳадафгири воситаҳои техникӣ ва амсоли инҳо ба комёбиҳои чашмгир ноил гардидаанд.

Воқеан, мактаб даргоҳи муқаддаси омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия буда, барои ташаккули ақлу заковат, зеҳну шуур, бедории афкор, одоби шоиста ва ахлоқи ҳамидаи насли наврас заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Муаллим аз ҳар норасоиву носазоӣ ва беаҳмиятии шогирдон ба изтироб меафтад. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки бо машаққатҳои зиёд бошад ҳам, шогирди асил ба воя расонад ва ӯро соҳибмаълумот гардонад. Зиҳӣ, устод, омӯзгор ва мураббӣ!

 

Дилрабо РАҶАБОВА,

омӯзгори мактаби №84,

ноҳияи Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш