Нашрияи Омӯзгор

Тақдими туҳфа ба 50 нафар ятими кул

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази хизматрасонии “Саманд” бо 50 нафар ятими кулли ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои моддию пулӣ тақдим намуданд.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кӯдаконро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ба 29-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Шодии кӯдакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро онҳо бевосита аз дасти Пешвои муаззами хеш туҳфаҳо гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ 2569 нафар кӯдакони ятим ба қайд гирифта шудааст, ки 103 нафараш ятими кулл мебошад ва зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат қарор доранд.

Кӯдакон зимни баромад миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва сол аз сол беҳтар намудани шароити зиндагии ин табақаи ниёзманди ҷомеа баён дошта, қавл доданд, ки касбу ҳунарҳои муосирро меомӯзанд ва бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми назаррас мегузоранд.

 

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш