Нашрияи Омӯзгор

Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ

Сана: 2020-10-08        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.

Муҷассама дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, дар идомаи тадбирҳои созандагӣ барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд омода гардидааст.  

Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 5,3 метр ва дар маҷмӯъ бо таҳкурсиаш 9,3 метрро ташкил медиҳад.

Дар ду паҳлӯи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар гулгашти Исмоили Сомонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои бунёдиву сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии боқимонда ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

President.tj


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш