Барои омӯзгори забони англисӣ ба ҷуз донистани забони англисӣ дар сатҳи баланд донистани технологияи компютерӣ муҳим аст. Мақсад аз истифодаи воситаҳои муосири таълимӣ, ин пурсамар ва шавқовар гузаронидани дарсҳо хоҳад буд.
Барои забони англисиро хуб аз худ кардан ба хонандагон усули «reading»-хондан,«writing»-навиштан,«listning»-гӯш кардан ва «speaking»-гап задан лозим аст. Барои ташаккул додани усули «listning»-гӯшкунӣ ба хонанда ё шахси забони англисиро омӯхтаистода истифодаи компютер, синфхонаҳои лингофонӣ ва интернет зарур аст. Намуди аз хама қулай барои намоиш додани наворҳо, муаррифиҳо ва дарсҳое,ки қаблан аз ҷониби муаллим омода гардидааст, дар тахтаи электронӣ мебошад. Компютер имконият медиҳад, ки хонандагон намудҳои гуногуни машқҳои хусусияти муоширатӣ доштаро гӯш кунанд, иҷро намоянд ва инчунин, матнҳои дидаашонро нақл намоянд. Имрӯзҳо дар ниҳоди хонандагон ташаккул додани маҳорати суханварӣ, ба онхо тамошои филмҳои тасвирии гуногун, ки ба синни мактабиён мувофиқат мекунад, DVD, CD компактҳо, аудиомагнитофонҳоро ба дастгоҳҳои таълимӣ дохил намуда, барои гӯшкунии муколамаҳо, монологҳо, сурудҳо ва афсонаҳо онҳоро истифода барем. Хуб мешуд, агар вақти нишон додани дарсҳо бо истифодаи наворҳои видеоӣ хусусиятҳои синну солии хонандагонро ба назар гирифт. Усули дигари фаъоли таълим, ки барои хонандагони синфҳои поёнӣ созгор мебошад, ин усули бозӣ мебошад, ки дар дили кӯдак шавқи омӯхтани забони англисиро бедор менамояд. Бозиҳо бояд бо иштироки бевоситаи омӯзгор гузаронида шавад, то ин ки хонандагон аз ин бозиҳо тавонанд калимаҳои навро омӯзанд ва ҳар нафаре, ки дар бозӣ калимаҳои зиёдро аз худ кунад, ғолиби бозӣ дониста мешавад. Ин гуна бозиҳоро метавон дар лаҳзаҳои дамгирӣ, пас аз пурсиши супориши вазифаи хонагӣ гузаронид. Агар омӯзгорон дар дарс аз калимаҳо, расмҳо, тестҳо ва саҳнаҳое, ки ба дарс марбутанд, истифода баранд, хонандагон онро зуд қабул мекунанд. Агар онро тавассути тахтаи электронӣ намоиш диҳанд, боз ҳам хубтар хоҳад буд. Инчунин дар китобҳои дарсии хонандагони синфҳои панҷум дар мавзӯи «Olympic game» муаллими эҷодкор метавонад, ки ба тариқи муаррифӣ ё намоиши видеоӣ корнамоиҳои варзишгарони тоҷикро дар лаҳзаҳои баланд шудани парчами миллиамон нишон диҳад, ки ин дар дили хонандагон ҳисси ватандӯстиро бедор месозад.
Дар гурӯҳи синфҳои чорум бошад, ин гуна амалро мо метавонем, дар мавзӯи «fruit and vegetable», ё ин ки «clothes» нишон диҳем. Дар китоб дар бораи баъзе либосҳо маълумот дида намешавад, агар омӯзгор онро бо тариқи аёнӣ бо расмҳо ба кӯдакон нишон диҳад, мутмаин ҳастам, ки самараи хуб хоҳад дод. Дар гурӯҳи синфҳои сеюм бошад, дар китоби дарсӣ танҳо дар бараи ҳарфҳо маълумот дода шудаасту халос. Барои дуруст омӯхтани забони англисӣ мавқеи асосиро овозҳо ташкил медиҳанд, ки дар китобҳои ин гурӯҳи синфҳо дар ин бора аслан ҳеҷ маълумоте нест. Аз ин рӯ, муаллим танҳо ба китоб қонеъ нашуда, бояд маълумоти навро ба хонандагон омӯзонад.
Робияи Абдусамад,
омӯзгори мактаби №12-и
шаҳри Кӯлоб
Иловакунӣ
Иловакунии фикр