Нашрияи Омӯзгор

Муҳаммадқул Ҳазратқулов

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 781        Шарҳ: 0

 

8 октябри соли равон файласуфи маъруфи тоҷик, доктори илми фалсафа, сарходими Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ, мутахассиси соҳаи таърихи фалсафа ва рушди афкори маънавӣ, профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов дар синни 76 аз олам даргузашт.

Ин олими маъруф 5 ноябри соли 1944 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1967 ба поён расонда, дар вазифаҳои корманди илмӣ ва мудири шуъбаи Энсиклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), муаллим ва мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқу фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов доир ба фалсафаи Шарқ асарҳои зиёде таълиф намудааст. Аввалин таълифоти ӯ ба муайян намудани афкори фалсафии яке аз файласуфони асрҳои миёна Садриддини Шерозӣ бахшида шуда буд. Минбаъд ӯ ба таҳқиқи эътиқоду анъанаҳои бостонии Аҷам ва таъсири он ба фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ пардохт.

Ин муҳаққиқи варзида бахшида ба Соли тамаддуни ориёӣ (2006) тадқиқоти муфассале бо номи «Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ» нигошт, ки он асари бунёдӣ буда, таърифи тамаддуни ориёиҳо, сайри таърихӣ ва мавҷи ҳаракати ориёиҳо ба Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, интишори минбаъдаи онҳо ба Шарқ, Ғарб то сарзаминҳои Скандинавияро аз дидгоҳи фалсафӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор додааст.

Ба ифтихори Соли бузургдошти Имоми Аъзам М. Ҳазратқулов «Ислом ва Абӯҳанифа» ном таҳқиқоте ба анҷом расонд, ки хеле пурмуҳтавою фарогир аст.

Дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз низ Муҳаммадқул Ҳазратқулов саҳмгузор аст. Соли 2012 устод китобе таҳти унвони «Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол» таълиф намуд, ки аввалин асари бузургҳаҷм дар миқёси ҷумҳурӣ дар бораи ҷашни Наврӯз  аст. Муҳаммадқул Ҳазратқулов яке аз муҳаққиқони маъруфу шинохтаи таърихи афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ — ахлоқии халқҳои форсу тоҷик аз замонҳои қадим то даврони муосир ба шумор меравад.

Ба қалами ӯ бештар аз 8 китобу монография тааллуқ доранд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш