Дар ҷамъомаде, ки чанде пеш дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Диловаршоҳ Исозода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва роҳбарони дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор ширкат намуданд.
Дар ҷамъомад соҳаи маориф ва амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мавриди таҳлил ва омӯзишу вазифагузорӣ қарор гирифт.
Диловаршоҳ Исозода, сардори раёсати маорифи вилоят, дар ҷамъомад оид ба вазъу ҳолати аз мактаб дур мондани хонандагон ва чораҳои андешидашуда дар ин самт, инчунин, гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳисобот дод. Қайд гардид, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) дар 29 ҳолат нисбат ба 39 нафар падару модар мавод омода карда шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, таъкид намуд, ки дар 8 моҳи соли 2020 беш аз се ҳазор ҳодисаи иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар вобаста ба таълим ва тарбияи ноболиғон ошкор гардидааст, ки ин ҳолат тавишовар мебошад. Баҳри пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят ва риоя нагардидани қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни волидайни мактаббачаҳо бояд корҳои ташвиқу тарғиб вусъат дода шавад. Қ.Ҳакимзода, ҳамчунин, ишора кард, ки дар муассисаҳои таълимӣ талаб намудани маблағ аз хонандагон бояд пешгирӣ карда шавад.
С.АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр