Нашрияи Омӯзгор

Поягузори астрономияи метеорӣ

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 790        Шарҳ: 0

 

Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Ҷамъияти шоҳии астрономии Британия, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Ҷоизаи АМИ Тоҷикистон ба номи Султон Умаров ва Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод»-и ИДМ Пӯлод Бобоҷонов дар рушди илми на танҳо Тоҷикистон, балки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳонӣ хизматҳои шоиста кардааст.

Ин олими номвар 15 октябри соли 1930 дар шаҳри бостонии Истаравшан дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Пӯлоди ташнаи илму дониш баъд аз хатми мактаби миёна роҳ ба сӯи Хуҷанди бостонӣ пеш гирифту ҳуҷҷатҳояшро ба Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғ. Ғафуров) супорида, тахассуси илми физикаро пеша кард.

Баъд аз хатми донишгоҳ барои идомаи таҳсил дар аспирантура, ба  маркази илмии ҷаҳонӣ - Институти давлатии астрономияи ба номи П.К. Штернберг (Москва) роҳ пеш гирифт. Соли 1954 пас аз хатми аспирантура ба пойтахт баргашта, фаъолиятро дар расадхонаи астрономии Сталинобод оғоз намуд. П.Бобоҷонов дар давоми фаъолияти чорсолаи худ дар расадхонаи мазкур ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардида, бо як қатор астрофизикони дигар, ба монанди И.С. Астапович, В.П.Сесевич, А.В. Соловёв, О.В. Доброволский, С.Г. Натансона, Д.О. Мохнача ва А.В. Маркова масъалаи таъсиси Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Маҳз ҳамин хизматҳои эшон буд, ки бо Қарори КМ Ҳизби Коммунист ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон аз 17.01.1958, №7 Институти астрофизикаи АИ ҶТ бунёд ёфта, пас аз як соли таъсис устод П. Бобоҷоновро ба вазифаи директор таъйин намуданд.

Меҳнати ҳалол ва дилбохтагӣ ба касбу кори пешанамуда устодро то ба дараҷаи директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ (ду маротиба) расонид ва он кас солҳои 1959-1971 ва 1992-2002 ин вазифаро бар уҳда дошта, аз соли 2003 то ҳол директори фахрии Институти астрофизика ва мушовири раёсати АИ ҶТ мебошад. Дар даврони роҳбарии пажӯҳишгоҳ, роҳбарияти вақти Академияи илмҳо ҳангоми кӯчонидани расадхонаи астрономии шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҳисор ӯро, ҳамзамон, роҳбари сохтмон таъйин карданд ва сохтмон аз соли 1963 то соли 1967 идома ёфт. Ӯро ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) таъйин карданд. Олими тавоно давоми солҳои 1971-1982 дар ин вазифа фаъолият намуда, дар кушодашавии як қатор ихтисосҳои нави замонавӣ ва кӯчонидани бархе аз факултаҳои ДМТ ба шаҳраки донишҷӯён нақши назаррас бозидааст.

Ситорашиноси шуҳратёр П. Бобоҷонов пас аз адои вазифаи ректории ДМТ боз ба корҳои илмӣ-академӣ баргашта, фаъолияти худро дар вазифаҳои узви раёсати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1980-1989), ноиби президенти Академияи илмҳо (1986-1989), директори Институти астрофизика ва мудири лабораторияи метеорҳои ҳамин пажӯҳишгоҳ идома додааст.

Фаъолияти илмии академик П.Бобоҷонов асосан ба астрономияи метеорҳо бахшида шудааст. Устод зимни тадқиқотҳои бисёрсолаи худ мадори беш аз 400 метеорро муайян карда, зиёда аз 20 сели метеорӣ - ассотсиатсияҳои навро кашф намудааст. Ӯ сохтор ва воридшавии селҳои метеорӣ ва хосиятҳои паҳншавии мадори ҷисмҳои метеориро дар фазои байнисайёравӣ омӯхтааст. Дар собиқ ИҶШС устод нахустин шуда, дар як вақт ҳам аксбардорӣ ва ҳам радиолокатсияи мушоҳидаи метеорҳо ва қабатҳои болоии атмосфераро дар амал татбиқ намуд.

Ҳамзамон, ин олими маъруф экспедитсияи экватории астрономии Шӯравиро ташкил ва сарварӣ намуд, ки он давоми солҳои 1968-1970 дар нимҷазираи Сомалӣ (Африқо) гузаронида шуда буд. Дар рафти корҳои экспедитсионӣ ба олимони Шӯравӣ муяссар гардид, ки даври тағйирёбии дрейфи селҳои метеориро дар экватор муайян намоянд. Илова бар ин, онҳо оид ба қонунмандии ҳаракати қабатҳои болоии атмосфера дар минтақаи экватор маълумотҳои таҷрибавиро ба даст оварданд. 

Устоди арҷманд дар баробари корҳои илмию тадқиқотӣ ва навиштани мақолаю китобҳои илмӣ, инчунин, ба корҳои ихтироотӣ даст зада, дар давоми фаъолияти худ 18 кашфиёт намудааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи академик П.Бобоҷонов дастгоҳ ва усулҳои коркард барои тадқиқи ҳодисаҳои физикии ба парвози ҷисмҳои метеорӣ дар атмосфера мушоиаткунанда сохт, ки он минбаъд ба истифода дода шуд. Ин усулҳои пешниҳоднамудаи академик П.Бобоҷонов дар мувофиқат бо барномаҳои байналхалқии тадқиқи бузургиҳои физикии қабатҳои болоии атмосфера дар минтақаҳои метеорӣ, дар натиҷаи аксбардорӣ ва радиолокатсионии мушоҳидаи метеорҳо дар солҳои 1957-1959 татбиқ гардиданд. 

Саҳми ситорашиноси номвари тоҷик П. Бобоҷонов дар рушди астрономияи ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, ба хотири хизматҳои бузургаш астероиди (сайёраи хурди) №7164 ба шарафи исми ӯ «Babadzhanov» номгузорӣ шудааст. Астероиди Бобоҷонов ҳамчун объекти осмонии «1984 ЕТ» аз тарафи астрономи амрикоӣ Эдвард Боуэлл (зод. 1943) 6 марти соли 1984 ба қайд гирифта шудааст.

Академик П.Бобоҷонов барои саҳми арзишмандаш дар соҳаи илму техника, таълиму тарбияи насли наврас ва омода намудани кадрҳои соҳибунвон ба Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1979), Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.У. Умаров (2003), Ҷоизаи байнидавлатии «Ситораҳои Иттиҳод» - ИДМ дар бахши илм ва маориф (2010), ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» ва 2 ордени «Нишони фахрӣ» ва дигар медалҳои давлатӣ мукофотонида шудааст.

Устоди маҳбуб, астрофизики маъруф, ходими давлатӣ ва инсони хирадманд П. Бобоҷонов даврони пирӣ меронад. Бо вуҷуди он, бо нерую рӯҳияи шикастнопазир ҳанӯз ҳам даргоҳи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаро тарк накарда, баҳри пешрафти меҳани маҳбубаш заҳмат мекашад. 

Номвар ҚУРБОН,

номзади илмҳои техникӣ,

раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш