Мавзӯи ҳунару ҳунар-мандӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик мавқеъ ва ҷойгоҳи хоса дорад. Аз сипаҳсолори назми форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сар карда, то шоирони имрӯз ҳунару ҳунармандиро ситоиш кардаанд. Аз ҷумла, дар «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ ин мавзӯъ (бахусус, дар достони «Кова ва Заҳҳок», дар образи Кова) ба таври густурда тасвиру бозтоби худро ёфтааст.
Саъдии Шерозӣ дар китоби «Гулистон» зикр намудааст: «Ҳунар чашмаест зоянда ва давлатест поянда». Яъне, ҳунар барои ҳар як шахсе, ки соҳибҳунар аст, мисли чашмаест, ки ҳамеша обаш аз зери замин ҷӯш зада ҷорӣ мешавад. Шоир мегӯяд:
Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз,
К-ин моли падар харҷ тавон кард ба ду рӯз.
Мавзӯи мазкур дар эҷодиёти Миробид Сайидои Насафӣ низ хеле барҷаста инъикос ёфтааст. Шоир дар васфи ҳунармандон мефармояд:
Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,
Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад.
Шоир мақому манзалати ҳунарро хеле баланд медонад ва қайд мекунад, ки шахси ҳунарманд ҳеҷ гоҳ хор намегардад ва дар ҳама давру замон ризқу рӯзияшро аз пушти ҳунари хеш пайдо менамояд. Инчунин, ҳунарманд ҳеҷ гоҳ муҳтоҷу дастнигари касе намегардад.
Сайидои Насафӣ асари худ «Шаҳрошӯб»-ро пурра ба ҳунармандон бахшидааст ва дар он дар хусуси зиёда аз 212 намуди ҳунари мардумӣ сухан гуфтааст. «Шаҳрошӯб»-и Сайидо аҳамият ва арзиши назаррас дорад. Ҳамчунин, эҷодиёти Сайидо дар тарғиби касбу ҳунар дар байни насли ҷавон нақши муҳим дошта, дар бедор кардани эҳсоси меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба касбу ҳунар аҳамияти бузургеро доро мебошад.
Шоири машҳури адабиёти классикии форсу тоҷик Абулқодири Бедил низ илму ҳунарро василаи беҳтарини зиндагии инсоният дониста, сарчашмаи иқболу сарбаландии инсоният мешуморад ва ба мавзӯи ҳунар ва ҳунармандӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, мегӯяд:
То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рӯи кас боз нашуд.
Аз ин ҷиҳат мавзӯи ҳунару ҳунармандӣ асрҳо боз дар адабиёти тоҷик мавриди таваҷҷуҳи адибони мо қарор дорад. Ин мавзӯъ ҳатто дар ашъори баъзе шоирон аз мавзӯъҳои меҳварӣ ба шумор меравад ва бори дигар баёнгари он аст, ки халқи тоҷик ба ҳунару ҳунармандӣ таваҷҷуҳи ҳамаҷониба дошт ва дорад. Аз ин рӯ, эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Сарвари давлат иқдоми шоиста ва саривақтӣ аст.
Алишер Набиев,
ассистенти кафедраи забони
тоҷикии ДДМИТ,
Шоира Норбӯтаева,
омӯзгори забони англисии
мактаби № 32, ноҳияи Сино
Иловакунӣ
Иловакунии фикр