Нашрияи Омӯзгор

Оинаи хонанда

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Ташкил кардани дафтардорӣ дар байни хонандагон яке аз усулҳои беҳтарин  барои пешрафт ва баланд бардоштани донишу савияи хонандагон мебошад. Аз фанни математика 5 намуд дафтар ташкил кардан лозим аст: дафтари рақами 1 ва 2, дафтари кори санҷишӣ, дафтари қоидаҳо ва дафтари формулаҳо.

Дафтари рақами 1 ва 2 барои корҳои синфӣ, иҷро намудани мисолу масъалаҳо, корҳои тестӣ ва супориши хонагӣ ташкил карда шуда, тарзи ҳалли мисолу масъалаҳо, кори мустақилона, вариантҳо ва супоришҳои хонагӣ тафтиш баҳогузорӣ ва иваз карда мешавад. Агар дафтари рақами 1 ва 2-ро оинаи хонанда номем, хато намекунем, зеро ҳамарӯза онро истифода мебарад ва омӯзгор ба фаъолияти хонанда баҳо мегузорад.

Дафтари кори санҷишӣ дар ҳар боб муайян намудани сатҳи донишу малака ва маҳорати хонандагон ва аз худ кардани мавзӯъ ва мисолу масъалаҳои боби гузаштаро дар бар мегирад. Дафтари корҳои санҷишӣ санҷидаву баҳогузорӣ шуда, ба журнали синфӣ баҳои он гузаронида мешавад.

Дафтари қоидаҳо аз боби якуми мавзӯи аввал  оғоз шуда, дар он қоида ва намунаи мисолу масъалаҳо, тарзи ҳалли онҳо, таърифи мавзӯи гузашташуда нишон дода мешавад. Дар ин ҳолат хонанда мисолу масъалаҳои фаромӯшшударо аз дафтари қоидаҳо истифода бурда, ҳал менамояд.

Дафтари формулаҳоро ҳамчун «шиноснома» ё  «роҳнамо» - и математикии хонанда номидан мумкин аст, зеро дар он формулаҳои асосии математика, алгебра ва геометрия, баъзе аксиома ва таърифу теоремаҳо дода шудааст. Барои мисолу масъалаҳалкунӣ ва такрори мавзӯъҳои таълимӣ дар вақти иҷрои корҳои мустақилона ва санҷишӣ он ба сифати маводи ёрирасон истифода бурда мешавад ва раванди фаъолияти хонандаро барои беҳбуду такмили минбаъдаи он осон мегардонад.

Савлакат Фахриддинова,

омӯзгори мактаби №48-и ноҳияи Шоҳмансур


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш