Нашрияи Омӯзгор

Ғалатҳо ислоҳ мешаванд  

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Соли ҷорӣ нашри нави китоби дарсии «Географияи материкҳо ва уқёнусҳо» аз чоп баромад. Бояд гуфт, ки китоби нав аз нашрҳои пешина фарқиятҳо дорад. Масалан, дар ин китоб омӯзиши материкҳо на аз материки Африқо, балки аз материки калонтарин – Авруосиё оғоз ёфта, пас аз он Амрикои Шимолӣ омӯхта мешавад.

Бо чунин тарз ба роҳ мондани омӯзиши материкҳо аз он сабаб аст, ки хонандагон аввал бо материкҳои шимолӣ (боқимондаҳои материки қадимаи Лавразия) ва баъд бо материкҳои ҷанубӣ (боқимондаҳои материки қадимаи Гондвана) шинос мешаванд. Омӯзиши мавзӯъҳои китоб бо чунин тартиб аст: дар аввали ҳар як мавзӯъ бахши «Ба хотир меорем» вуҷуд дорад. Аз рӯи саволу супоришҳои ин бахш хонандагон донишҳои пешинаи худро фаъол мегардонанд...

Мутаассифона, китоб бе камбудӣ нест. Омӯзгороне, ки ҳисси масъулият доранд, аз муассисаҳои таълимӣ ба мо занг зада, ин камбудиҳоро гуфтанд. Мо аз чунин омӯзгорон миннатдор ҳастем, ташаккур ба онҳо! Бояд қайд намоем, ки ғалат ва камбудиҳои дар китоб ҷойдошта аз муаллифон қариб вобаста нест, ғалатҳои техникиянд, ки ҳангоми чопи китоб рух додаанд ва дар баъзе ҷойҳо таҳриргарон саҳми худро гузоштаанд. Бо вуҷуди ин, мо аз хонандагон ва омӯзгорони азиз маъзарат мехоҳем. Дар поён камбудиҳои китобро нишон медиҳем:

1.            Дар китоб, ғайр аз матни мавзӯъҳо, дигар ҳамаи бахшҳо масалан, бахшҳои «Ба хотир меорем», «Хулоса», «Савол ва супориш», «Худро бисанҷед» бо ҳарфҳои ниҳоят хурд омадааст. 

2.            Саҳифаи 10, расми «Материкҳо ва масоҳати онҳо». Дар ин расм масоҳати материки Авруосиё 154,6 млн км2 нишон дода шудааст. Ин ҷо ғалати техникӣ рафтааст, зеро ҳамаи омӯзгорони муҳтарами мо медонанд, ки масоҳати ин материк ба 54,6 млн км2 баробар аст. (Мо бовар дорем, ки онҳо ин маълумотро дуруст ба хонандагон мерасонанд).

3. Ғалати техникии дигар. Саҳифаи 194, сархати 5, - Соҳилҳои шарқӣ ва ҷанубии материки Африқоро обҳои...... Дар ҳамин сархат ҷумлае ҳаст: «Онҳоро ҷараёнҳои пассатҳои ҷанубӣ (экваториалӣ) ҳосил мекунанд, ки ҳарорати сатҳи обро дар фасли зимистон, дар нимкураи ҷанубии соҳилҳои ҷанубу шарқии Африқо то +200С ва зиёдтар гарм мекунанд». Албатта, маълум аст, ки дар ягон ҷойи дунё ҳарорати сатҳи оби уқёнус 200 дараҷа гарм намешавад. Дурусташ чунин аст: +200С. Гап сари он, ки барномаҳои гуногуни компютерӣ навиштаҷотро ба таври автоматӣ тағйир медиҳанд ва ин баъзан аз назари муаллиф ё муҳаррир пинҳон мемонад.  

4.            Истифодаи баъзе мафҳумҳо бо забони тоҷикӣ. Мафҳуми «релеф» дар ҳама ҷои китоб бо «релйеф» иваз карда шудааст. Дар бисёр адабиёти географие, ки бо забони тоҷикӣ нашр шудаанд, ин мафҳум ҳамчун «релеф» оварда шуда буд.

5.            Дар саҳифаи 258 «Системаи офтобӣ» ба «Манзумаи Офтоб» иваз карда шудааст. Албатта, муҳаррирон донандагони хуби забони тоҷикиянд, вале ба андешаи мо, шояд ҳамаи мафҳумҳои географиро маҷбуран тарҷума кардан зарур набошад. Дар ҳамаи фанҳои табиӣ фаҳмиши «Системаи офтобӣ» истифода мешавад.  

Камбудиҳое, ки дар боло номбар карда шуданд, ниҳоӣ нестанд. Бинобар ин, мо аз омӯзгорони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ҳангоми пеш омадани ягон мушкилӣ ё дидани норасоӣ дар китоби мазкур фикру мулоҳизаҳои худро бо суроғаи зерин: (почтаи электронӣ) kodirov1968@mail.ru  (телефон: 904237707) равон кунанд. Мо дар нашрҳои минбаъда онро бартараф хоҳем кард.

 

Набӣ Қодиров,

ҳаммуаллифи

китоби дарсии

“Географияи материкҳо ва уқёнусҳо”, барои синфи 7


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш