Нашрияи Омӯзгор

Аз сармо ҳарос надорем!

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 785        Шарҳ: 0

 

Инак, нимаи фасли тирамоҳ сипарӣ шуду ҳаво тадриҷан сард мегардад ва камобеш нафаси зимистон низ эҳсос мегардад. Зимистон фаслест, ки вобаста ба сармою боришоташ аз ҳамагон ва низ аз муассисаву ташкилоту идораҳо омодагии ҷиддиро тақозо дорад.

Оё муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба мавсими  тирамоҳу зимистони соли равон омодаанд? Ба ин суоли мухбири ҳафтаномаи «Омӯзгор» сардори Сарраёсати маорифи пойтахти ҷумҳурӣ, доктори илмҳои педагогӣ Муҳаммадалӣ Азизӣ посух гуфт.

-Масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон хеле мубрам буда, ҳамасола дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ, масъулини шаҳру ноҳияҳо ва маъмурияти кулли муассисаву идораҳо қарор дорад. Ҳанӯз 31 марти соли 2020 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» ва дар ин замина, пасонтар қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе ва фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ ба тасвиб расида буд. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар асоси асноди мазкур нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дар назди сарраёсат, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ситоди доимоамалкунандаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу  зимистонро таъсис дод. Масъулини ин ситодҳо дар ҳар давраи муайян дар бинои сарраёсати маорифи шаҳр гирд омада, вазъи корҳояшонро таҳлилу баррасӣ менамуданд.

Дар натиҷаи мураттабу бонизом ба роҳ мондани корҳо ва назорати қатъӣ тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт дар муҳлати муқарраршуда нақшаи омодагӣ ба мавсимро иҷро намуданд. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсӣ мувофиқан 16,35;  36, 9;  18,5 ва  24,2 тонна ангишт захира шудааст, ки ин беш аз 100%-и нақшаро ташкил медиҳад. Захираи ҳезуму сӯзишворӣ низ дар таълимгоҳҳои ноҳияҳои мазкур ба 100%-и нақша баробар мебошад. Муассисаҳои таълимӣ бо миқдори зарурии генератору радиаторҳои барқӣ таъмин шудаанд.

Вазъи буғхонаҳои назди таълимгоҳҳо низ бозгӯй ба талабот аст ва айни замон ҳамаи буғхонаҳо барои истифода омода мебошанд. Бояд гуфт, ки як қатор муассисаҳои таълимии мо бо хати озоди барқ ва чанди дигар бо шабакаҳои гармидиҳӣ пайвастанд. Масалан, дар ноҳияи Шоҳмансур 50, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  42, дар ноҳияи Сино 94 ва дар ноҳияи Фирдавсӣ 58 муассисаи таълимӣ аз хати озоди барқ бархӯрдоранд.

Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши таълимгоҳҳои пойтахт дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, дар заминаи ҳамкории тарафайн мутахассисони Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе ва Хадамоти назорат дар соҳаи энергетика системаҳои дохилии гармидиҳии мактабҳои ҳамаи ноҳияҳои пойтахтро аз муоинаи  техникӣ гузаронида, аз омодагии онҳо ба фаъолият дар фасли зимистон шаҳодат доданд. То оғози моҳи октябр накшаи пайвастшавӣ ба марказҳои гармидиҳӣ, ки 157 ададро ташкил медод, 100% иҷро шуда, иловатан 2 муассисаи таълимии дигар ба чунин марказҳо пайваст гардиданд.

Дар доираи омодагиҳо ба мавсими сармо дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр аз ҷониби аъзои ситодҳои дахлдор вазъи синфхонаҳо, дафтарҳои корӣ, ҳуҷраҳои илова, толору маҷлисгоҳҳо ва китобхонаву ошхонаҳо аз назар гузаронида шуда, баъзе камбудиҳо бартараф гардиданд ва ба масъулин дастурҳо дода шуданд. Дар тамоми биноҳои мактабҳои шаҳр танҳо аз лампаҳои каммасраф истифода мешавад. Бо ҳадафи риояи талаботи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва баҳри  пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар ҳуҷраҳо ва биноҳои муассисаҳои таълимӣ дар ҳамкорӣ бо раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе (сохторҳои ноҳиявӣ) ҳолати зиддисӯхтории муассисаҳои таълимӣ ва вазъи кории системаи автоматикии воқифкунанда аз сӯхторро таҷдиди назар намуда, баъзе нуқсонҳои мавҷударо бартараф сохтанд. Ҳамчунин, болопӯши биноҳо ва иншооти ёрирасон бо маҳлули ба оташ тобовар коркард шуданд.

Мувофиқи меъёри муқарраршуда дар ҳамаи ошхонаҳои муассисаҳои таълимии пойтахт барои давраи зимистон орду равған, биринҷу шакар, картошкаю пиёз, сабзию консерваҳо ва маҳсулоти дигари талаботи аввал захира гардид. Масалан, ҳоло дар анборҳои махсуси ноҳияи Шоҳмансур беш аз 42 тонна, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ беш аз 23 тонна, дар ноҳияи Сино 79 тонна ва дар ноҳияи Фирдавсӣ 44 тонна картошка захира карда шудаасту рӯзҳои наздик ин нишондодҳо боз ҳам афзуда хоҳанд шуд.

Вобаста ба махсусиятҳои фасли сармо, либоспӯшӣ, пешгирӣ аз бемориҳои мавсимӣ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор ва амсоли инҳо  маъмурияти таълимгоҳҳо ва роҳбарони синфҳо бо хонандагон ва волидон борҳо суҳбатҳои дастурдиҳию тавзеҳӣ баргузор намуданд.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои муассисаҳои таълимие, ки ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии комил дидаанд ва ин мавсимро бомуваффақият паси сар мекунанд, мукофотҳо муқаррар кардааст.

Бовар дорем, ки аҳли маорифи пойтахт ва кулли муассисаҳои таълимӣ дар тирамоҳу зимистони имсола ба мушкилот дучор нахоҳанд омад. Ба ин омодагии комилу ҳаматарафаи онҳо кафолат медиҳад.

 

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш