Нашрияи Омӯзгор

Тарбия дар мадди аввал

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Тайи солҳои омӯзгории худ аз рӯйи таҷрибае, ки ҳосил кардаам, ба хулосае омадам, ки дар раванди роҳандозии машғулиятҳои таълимӣ тарбия бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад. Зеро мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки басо шогирдон бо вуҷуди донишу саводи хуб доштан, зина ба зина хислатҳои ношоистаю номақбулеро, аз қабили мағрурию худситоӣ, нописандӣ, қасду кинагирӣ, қадрношиносии устодону омӯзгорон, волидон ва солхӯрдагонро пайдо мекунанд ва боиси ташвиши омӯзгорон мегарданд. Аз ин рӯ, ман ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳангоми баргузории дарсҳо ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии мавзӯъҳо диққати махсус медиҳам. Ҳамчунин, дар машғулиятҳои тарбиявӣ, зимни тавзеҳу тафсири мавзӯъҳои пешниҳодшуда кӯшиш мекунам, то шогирдон бо дарку фаҳмиши худ хулосаҳои дуруст бароранд ва рафтору амали хубро аз бад тафовут карда тавонанд. Барои ба ҳадафҳои худ расидан, машғулиятҳои тарбиявиямро бо ҳаллу фасл ва баррасии мавзӯъҳое, аз қабили «Адаб», «Одоби наку», «Дар баёни ҳурмати падару модар», «Пиронро ҳурмат кунем», «Қадр кунӣ – қадр бинӣ ва ғайра ба роҳ мемонам. Мусаллам аст, ки домани масоили тарбиявию ахлоқӣ хеле васеъ буда, хонанда бояд ҳурмати меҳмон, шартҳои меҳмондорӣ, тарзи салом додан ва одоби саломро донад, ҳамзамон, тартиби хӯрдани таом, ҳурмати нонро ёд бигирад. Дигар омил, ки ба тарбиявии маънавии шогирдон таъсири файзбахш мерасонад, ин одоби мутолиа ва дӯст доштани китоб маҳсуб меёбад. Инчунин, дар синфҳои 3-4 хонандагон бояд одоби таҳсил дар мактабро аз худ ва риоя кунанд, роҳҳои илму донишомӯзиро ҷустуҷӯ ва бо кумаки омӯзгор ёд гиранд. Инсон ҳамон вақт ба камолоти маънавӣ мерасад, ки тамоми хислатҳои неку баргузида, чун тараҳҳум намудан ба парандаю ҳайвонот, дӯст ва муқаддас доштани чор унсури ҳаёт-об, хок, оташ ва бод, тозаю озода будан, ҳамеша ба варзиш машғул шудан, насиҳати калонсолонро гӯш намудан ва ғайраро дар ниҳоди хеш ҷой карда бошад. Барои ин вай бояд вақти худро дурусту самаранок истифода карда, бештар омӯзад, илму дониш аз худ кунад ва дар байни ҳамсинфон ҳамчун хонандаи хушахлоқ ва намунавӣ шинохта шавад.

 

Фирӯза Раҷабова,

омӯзгори мактаби №78, ноҳияи Фирдавсӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш