Нашрияи Омӯзгор

Бадахшон: даври вилоятӣ ҷамъбаст ва 9 нафар ғолиб гардид

Сана: 2020-10-15        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст шуд. Дар  ин давр 132 нафар иштирок намуда, 9 нафар ғолиб гардид.

Барои ширкати фаъолона дар озмун ғолибони даври вилоятӣ аз ҷониби раиси вилоят,  идораи рӯзномаи «Бадахшон», идораи телевизион ва радиои вилоят, раёсатҳои маорифу  ҷавонон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи хулосаи ҳакамон, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик” Ориёнпури Султоншо – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и ноҳияи Рӯшон ва Ҳикматулло Ҳабибуллоҳзода – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳияи Дарвоз, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик” Умар Орзуев – хонандаи мактаби рақами 19-и ноҳияи Ванҷ ва Шаҳодати Саидҷалол – хонандаи мактаби рақами 21-и ноҳияи Дарвоз, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик” Шаҳина Маҳбатқадамова – хонандаи мактаби рақами 11-и ноҳияи Шуғнон ва Зулфияи Сайёд – хонандаи мактаби рақами 9-и ноҳияи Роштқалъа, дар номинатсияи “Аз ёд кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон” Шарифамо Одинамамадова ва Савриноз Файзуллобекова аз литсейи Оғохон сазовори ҷои аввал ва иштирокчии даври чорум гардиданд.

Соли равон дар озмун доираи васеи одамон – тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва  таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки даври чоруми озмуни мазкур моҳи декабр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва ғолибони даври сеюм аз ҳамаи шаҳру навоҳии  мамлакат дар он иштирок менамоянд.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст: «Барои иштирок дар даври чоруми озмун ба комиссия ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

—маълумоти мухтасар дар бораи иштирокчӣ;

— рӯйхати асарҳои мутолиашуда;

— миқдори ашъори азёдшуда;

— нусхаи чопӣ ва ё дастхати ашъори азёдкарда ва мазмуни мухтасари китобҳои мутолиакарда бо зикри муаллиф ва номи асар;

— суратҷаласаи ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун».

Бояд тазаккур дод, ки дар даври чоруми озмун байни ғолибони номинатсияҳо сабқат барои дарёфти Шоҳҷоиза сурат мегирад. Шоҳҷоиза ба иштирокчие дода мешавад, ки аз чор номинатсия беш аз 70 фоизи осори назмию насриро мутолиа ва ҳифз намудааст.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш