Терроризм ҳодисаи хатарбори айёми муосир аст, ки бо намудҳои гуногун паҳн мешавад. Ҳамлаҳои террористӣ ба мардуми бегуноҳ зиён оварда, аксаран боиси қурбонии зиёде мегарданд, хуни мардуми бегуноҳро мерезанд.
Терроризм ба ҷомеаи инсонӣ дар баробари таҳмили фишору ҳамлаҳои психологӣ, инчунин, зарари молию ҷонию маънавӣ меоварад. Он хушунат, нобоварию бадбиниро дар ҷомеа авҷ мебахшад, тухми кудурат мекорад. Терроризм ҳамеша ҳамбаста бо фоҷеа аст.
Воқеаҳои сиёсии солҳои охир нишон доданд, ки камогоҳӣ, сатҳи нокифояи дониш, аз моҳияту аҳдофи ҷангҳои иттилоотӣ бохабар набудани қисме аз мардум метавонад ба вусъатёбии ақидаҳои ифротӣ мусоидат кунад ва ба амнияти давлат ва сохти конститутсионии он хатар ба миён орад. Ба ин хотир, мо, омӯзгорон, вазифадорем, ки ба шогирдони худ пайваста оид ба воқеаҳои номатлуб ва хатарҳои терроризм машғулиятҳо гузаронида, онҳоро ҳар чӣ бештар аз вазъи ҷаҳони муосир огоҳ намоем.
Толибилмони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ дар дарсҳои тарбиявӣ бояд аз ҳадафҳои нопоки террористон хуб огоҳ карда шаванд. Баҳри ин устодон метавонанд аз маводи илмӣ-таҳлилӣ, ки дар шабакаи интернет ва матбуоти даврӣ нашр мешаванд, истифода намоянд. Дар сайтҳои интернетӣ вобаста ба таърихи пайдоиши терроризм, ҳаракатҳои ба терроризм монанд ва ғайра маълумот зиёданд.
Ҷаҳони муосир дар муқобили терроризм қарор дорад. Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI ҳодисаву воқеаҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд, ки чашми моро ба воқеияти олам бештар кушоданд. Онҳое, ки фирефтаи садои воизони маъруф гаштаву аз эшон таълим гирифтаву барои такмили дониши динии худ ба кишварҳои араб рафтанд, чӣ натиҷае ба даст оварданд, ба ҳама маълум аст. Чанд соли охир як қатор ҳамдиёрони мо дар кишварҳои Покистону Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Яман, Сурия ва дигар ҷумҳуриҳои арабӣ донишгоҳҳои диниро хатм намуда, ба гурӯҳҳои барои ҷомеа хатарзо пайвастанд. Маълум мешавад, ки дар марказҳои таълимии хориҷӣ дар баробари таълимоти динӣ ба ҷавонон методҳои муносибат бо моддаҳои тарканда, истифодаи намудҳои гуногуни силоҳ низ омӯхта мешудааст. Дар натиҷа, дастаҳои алоҳидае зуҳур карданд, ки бо баҳонаи таҳсили динӣ ҷавонони бесаводро баҳри гирифтани таълимоти террористӣ ба давлатҳои хориҷӣ равон карданд. Албатта, ин танҳо истифода ва бадном намудани дини мубини ислом аз тарафи шахсони бехираду ифротгарост. Бузургворе дар ин бобат хуб гуфта:
Зиёни касон аз пайи суди хеш,
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар таъсиси ДИИШ намояндагони зиёда аз сиву ду миллати сайёраи Замин саҳм доштаанд. Дар ҳайати ин неруи террористӣ баробари ҷавононе, ки худро мусалмон медонистанд, инчунин, намояндагони католикҳо, православҳо, протестантҳо, яҳудиён ва ғайра ҷамъ омада буданд. Дарк кардан душвор нест, ки терроризм тааллуқ ба ягон дин надоштаасту надорад. Дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз понздаҳ ҳазор ҷавони собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, ҷавонони фиребхӯрда аз кишвари мо низ ҷангидаанд.
Нигорандаи «Шоҳнома» Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ фармудааст:
Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату
ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат
аст?
Мо бояд ҳолатҳои пешомадаро воқеъбинона, хуб мушоҳида ва таҳлил намуда, мавқеи созандаи шаҳрвандии худро тақвият бахшем, оқибатҳои даҳшатовари амалҳои террористиву экстремистии дар гӯшаву канори сайёра баамаломадаро бо чашми худ дида, хуб ибрат гирем, ҳушёр бошем, то дар ғафлат намонем. Ҳамагуна ҷиноятҳоро дар кадом шакле, ки бошанд, маҳкум намоем.
Исматулло МИРЗОЕВ,
устоди кафедраи технологияи иттилоотӣ ва барномасозии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр